Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода дар ҷаласаи нуҳуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи глобалӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ ва экосистемаҳои он (GSLEP), ки дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид, иштирок намуд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷаласа вазирони муҳити зисти кишварҳои мавзеи зисти бабрҳои барфӣ, инчунин намояндагони ташкилотҳои шарикӣ ва институтҳои байналмилалии молиявӣ даъват карда шудаанд.
Зимни ҷаласа арзёбии дастҷамъонаи кӯшишҳои ҳукуматҳои 12 давлати мавзеи зисти бабрҳои барфӣ ва ҷомеаи ҳифзи табиат бо мақсади татбиқи эъломияи Бишкек оид ба ҳифзи бабрҳои барфӣ ва экосистемаҳои он гузаронида шудааст.
Дар рафти ҷаласа раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист зарурати густариши ҳамкории байналмилалии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои мавзеи бабри барфӣ ва шарикони рушд барои табодули таҷриба ва ҳамоҳангсозии талошҳо бо мақсади ҳифзи бабри барфӣ ва экосистемаҳои он баён намудааст.