Ширкатҳои сохтмонӣ вазифадор шудаанд, ки системаҳои барқи офтобиро дар сохтмон ва бозсозии биноҳо ҷорӣ намоянд. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар ин хусус алакай фармоиши дахлдорро имзо намудааст.
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар дар боби истифодаи ҳатмии системаҳои барқӣ-офтобӣ дар сохтмон ва бозсозии биноҳо фармоиш имзо намудааст ва риояи ин талабот барои тамоми ширкатҳои сохтмонӣ ҳатмӣ мебошад.
Тибқи ин фармоиш истифодаи системаҳои барқи офтобӣ зимни сохтмон ва бозсозии тамоми намуди биноҳо, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, маъмурӣ, ҷамъиятӣ, варзишӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, нуқтаҳои хӯрокворӣ, биноҳои истиқоматӣ ва ҳатто роҳу кӯчаҳо ва боғҳои истироҳатӣ ҳатмӣ мебошад.
Иқдоми мазкур дар доираи стратегияи рушди иқтисоди “сабз” ва стратегияи рушди соҳаи сохтмон то соли 2030 роҳандозӣ шудааст.