formula feb 2025
Тоҷикистон ба мардуми Ғазза орд фиристод
300

Дар доираи иқдоми башардӯстона, ки аз ҷониби чанде аз давлатҳои узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS), аз қабили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти хайриявии Подшоҳии Ҳошимии Урдун (JHCO) амалӣ карда мешавад, ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти шадиди норасоии ғизо ба Ғазза 200 тонна орди аълосифати гандумӣ фиристода шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки корвони ккмаки башардӯстона давоми 2 рӯз ба гузаргоҳи сарҳадии Керем Шалом/Карам Абу Салем расида, дар ҳамоҳангӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ (WFP) ва дигар ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати интиқоли бехатари кумакҳо, тақрибан 8 ҳазор хонавода, ки мушкили камбудии ғизо доранд бо орд таъмин хоҳанд гашт.

Созмони исломии амнияти озуқаворӣ барои мубориза бо хатари гуруснагӣ дар навори Ғазза аз оғози соли 2024 бо интишори даъвати изтирорӣ барномаи “Орд барои башарият”-ро роҳандозӣ карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД