formula feb 2025
Тоҷикистон ба Британияи Кабир ва Куриёи Ҷанубӣ хатсайрҳои нави парвоз мекушояд
152

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон тасмим дорад дар соли 2025 ба як қатор давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Британияи Кабир ва Куриёи Ҷанубӣ хатсайрҳои нави парвоз кушояд. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Ҳабибулло Назарзод, директори Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон хабар дод.

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабиру Куриёи Ҷанубӣ дар масъалаи интиқоли қувваи корӣ қарордод вуҷуд дорад ва кушода шудани хатсайрҳои ҳавоӣ ба ин ду масир айни муддао гашта, сафари муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба ин давлатҳо хеле осонтар месозад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки соли равон боз ба чанд масири дигар хатсайрҳои нави ҳавоӣ кушода мешаванд ва Душанбе-Кеш-Душанбе, Душанбе-Ҷидда-Душанбе, Душанбе-Қоҳира-Душанбе аз ҳамин ҷумлаанд. Парвози тайёраҳо ба Кипр низ дар назар дошта шудааст.

Айни замон аз Тоҷикистон ба Русия, Олмон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Чин, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Гурҷистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо парвозҳои мунтазам ва транзитӣ анҷом дода мешаванд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД