Тоҷикистон аз Ӯзбекистон газ ва нефт харидорӣ кардан мехоҳад. Масъалаи мазкур зимни мулоқоти директори Агентии захираҳои модии Тоҷикистон бо роҳбари ширкати “Ӯзбекнефтегаз” мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо дар боби густариши ҳамкориҳои дуҷониба оид ба интиқоли газ ва нефт аз кишвари ҳамсоя назари худро баён намудаанд.
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ба хариддории маҳсулоти корхонаҳои бузурги ин ширкат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, газ ва нефт аз кишвари ҳамсоя бо шартҳои бозаргонӣ ба Тоҷикистон интиқол меёбад, вале бар бораи ҳаҷми интиқол маълумот дода нашудааст.
Ёдрас мешавем, ки солҳои пеш низ Тоҷикистон аз Ӯзбекистон газ мехарид, аммо соли 2012 интиқоли он қатъ карда шуд.