Бори аввал дар шаҳри Маскави ФР ба нафари бешаҳрванд, ки зодаи Тоҷикистон мебошад, шаҳодатномаи зисти муваққатӣ доданд.
Тавре узви Комиссияи назорати ҷамъиятии шаҳр Ева Меркачева хабар додааст, ин нафар Ёқубҷон Ҳакимҷонов, зодаи Тоҷикистон будааст. Ҳакимҷонов беш аз ду сол дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сахарово зиндагӣ кардааст. Ба хотири он ки шаҳрвандӣ надошт, мақомот натавонистанд ӯро аз қаламрави кишвар хориҷ намоянд.
Аз ин ба баъд бо ин ҳуҷҷат Ёқубҷон Ҳакимҷонов метавонад озодона дар Русия кору зиндагӣ кунад.
Ёқубҷон Ҳакимҷонов дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, ҳанӯз айёми панҷсолагӣ ҳамроҳи оилааш ба Астрахан кӯчидааст.
Ёдовар мешавем, ки қонуни дахлдорро дар масъалаи додани иҷозатномаи зисти муввақатӣ ба шахсони бе шаҳрванд президенти Русия Владимир Путин моҳи феврали соли 2021 имзо карда буд. Ин ҳуҷҷат даҳ сол эътибор дошта, имкон медиҳад, ки бидуни иҷозат дар қаламрави Федератсияи Русия зиндагӣ ва кор кунед.
То 1 декабри соли 2021 беш аз 750 дархост барои гирифтани шиносномаи муввақатӣ ба қайд гирифта шудааст.