Дар толори ба номи Тоҳир Собирови киностудияи “Тоҷикфилм” пагоҳ, 20-уми декабр рӯнамоии лоиҳаҳои нави синамоӣ доир гашта, филмҳоеро интихоб менамоянд, ки дар соли 2025 бояд ба навор гирифта шаванд. Дар ин бора “Тоҷикфилм” хабар додааст.
Дар рӯнамоии лоиҳаҳои нав намояндагони ширкатҳои филмбардорӣ, филмсозон ва шабакаҳои телевизионӣ, ки хоҳиши офаридани филмро доранд, иштирок карда метавонанд.
“Мувофиқи “Барномаи рушди кинои Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” “Тоҷикфилм” дар соли 2025 бояд ду филми ҳунарии пурра, 4 филми кутоҳи бадеӣ ва чанд филми мустанаду тасвирӣ ба навор бигирад.
Натиҷаҳои интихоби лоиҳаҳо пас аз 10 рӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” эълон карда мешавад.