Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба таҳияи филми нави ҳунарии таърихӣ бо номи «Борбад. Сарнавишти хунёгар» омодагӣ мегирад. Филм ба ҳаёт ва фаъолияти яке аз бузургтарин нобиғаҳои мусиқии давраи Сосониён - Борбади Марвазӣ бахшида мешавад.
Бино ба иттилои МД “Тоҷикфилм”, сенарияи филм ба қалами Тоҳири Асрориён ва Рустами Сатторзода тааллуқ дошта, коргардон ва таҳиягари он Рустами Сатторзода мебошад. Қисматҳои асосии филм дар мавзеъҳои таърихию фарҳангии Хуҷанд, Балҷувон, Ҳисор ва павилионҳои МД «Тоҷикфилм» ба навор гирифта мешаванд.
Филм саргузашти Борбадро аз даврони кӯдакӣ то расидан ба қуллаҳои баланди ҳунарӣ бозгӯ мекунад. Дар баробари сарнавишти Борбад, филм ҳаёти Хусрави Парвиз, Ширин, аҳли дарбор, ҷашни Наврӯз, суннатҳои зардуштӣ, рушди илму ҳунар ва фазои фарҳангии давлати Сосониёнро низ инъикос хоҳад кард. Қисмати ниҳоии филм ба рӯзҳои пурошӯби суқути Сосониён бахшида мешавад.