... Тӯли 10 рӯзе, ки ман дар беморхонаи ба номи Филатов табобат гирифтам, муносибати табибон ва тарзи табобаташон беҳтарин буд. Онҳо маро табобати бепул карданд.
Беморхонаашон тоза ва шароити хуб дошт. Вақте захираи доруҳояшон тамом шуд, боз 4 рӯзи дигар пулакӣ табобат гирифтам. Дар маҷмӯъ, чанд боре, ки бистарӣ шудам, ҳам дар ин беморхонаву ҳам дар беморхонаҳои дигар, муносибати табибони Русия бо мо беҳтарин буд...
Суҳбати хабарнигори моро бо Гулшан Меликова, тоҷикдухтаре, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунаду ба коронавирус сироят ёфтааст, аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед!
Қасос аз таҷовузгар
... Вақте ӯ бо Имон ҷанг карда, сабаб пурсид, ӯ гуфт:
-Ту беақл, фикр кардӣ, ки ман туро мегирам ва ҳамроҳат соҳиби чанд фарзанд мешавам? Ҳеҷ гоҳ! Мо як муддат зиндагӣ мекунем, ту Тоҷикистон меравӣ, ман ба хонаамон Алмет... Ҳеҷ гоҳ мо якҷоя буда наметавонем, зиндагии мо ба хотири оянда нест...
Ин қисса асоси воқеӣ дорад. Шакли пурраи қиссаи мазкурро аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи “Оила” пайгирӣ намоед!
Писари 5-солаи Шаҳриёр Давлатов ҳамаро қоил кард
... “Барои дар оянда давом додани ин кораш ман розиям ва ҳар кӯмаке лозим бошад, дареғ намедорам. Аммо ихтиёр дар дасти худаш аст”,-мегӯяд, Шаҳло Давлатова ва розӣ аст, ки фарзандаш дар оянда овозхони касбӣ бишавад. Яҳёҷон Давлатов бошад, аз ҳоло тасмим гирифтааст, ки ин корашро дар оянда низ давом медиҳад ва мисли Баҳодур Ҷӯраев шудан мехоҳад. Шаҳло Давлатова собиқ ҳамсари Шаҳриёр Давлатов мебошад, ки чанд сол қабл бо сабабҳои ба мо номаълум аз ҳам ҷудо шуда буданд...
Аз даст ба худкушӣ задани Сушант Сингҳ, шаҳрванди Русия шудани Наталия Орейро то асрори фиребу найранги Меҳрубони Равшан ва феҷиаи зиндагии Файзигул Юсуфова дар саҳифаи “Ситорарез”-и ҳафтаномаи “Оила”.
Харбуза давои изтироб, вале душмани касалии қанд?
... Дар таркиби харбуза қанди зиёд мавҷуд аст ва аз ин сабаб, ба беморони диабети қанд истеъмол намудани он тавсия дода намешавад. Аз меъёр зиёд истеъмол намудани харбуза ба вайроншавии кори меъда оварда мерасонад...
Дар шумораи тозанашри ҳафтаномаи “Оила” чанд маслиҳату тавсияи муфидро оид ба харбуза мутолиа намоед. Ҳамчунин, ба шумо тарзи дурусти интихоби тарбузи пӯхта ва ширину обдорро нишон додаем.
Хонасалот
...Як рӯз ба холаам гуфтам, ки акнун писаронам мактабхон шудаанд, дар синфи сеюм мехонанд, агар иҷозат бошад, ман кор бароям. Аммо холаам насиҳатомез гуфт, ки то ба нафақа баромадани ман ҳамагӣ ду солаки дигар мондааст, баъд ман хона мешинаму ту кор баро. Холаам аз дарди дил азият мекашид, дар Эрон ҷарроҳӣ ҳам карда буд, аз ин рӯ, бо ӯ бо эҳтиёт гап мезадем. Ман ҷуз розӣ шудан илоҷе надоштам...
Шакли пурраи қиссаро аз ҳафтаномаи “Оила” бихонед. Шумораи ҷадиди ҳафтаномаро аз тамоми дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо пурсон шавед!
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:
238-52-52
«Маро танҳо нагузор»
Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!