“ФУРӮҒ” силсилабарномест, ки аз ҳаёту рӯзгор ва таҳсили ҷавонони муваффақи тоҷики дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон буда, қисса мекунад.
Меҳмони навбатӣ Наимҷон Қосимов, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки айни ҳол дар Донишгоҳи Донгсои шаҳри Пусани Куриёи Ҷанубӣ, дар зинаи магистратура, таҳсил карда истодааст.
Ӯ барандаи стипендияи Ҳукумати Куриёи Ҷанубӣ буда, ройгон таҳсил карда, идрорпулӣ мегирад, ки барои худ ва оилааш басандагӣ мекунад. Бар замми ин, дар яке аз тарабхонаҳои миллии куриёӣ кор мекунад.
Ӯ донандаи 5 забони хориҷӣ буда, ният дорад фаъолияташро дар Куриёи Ҷанубӣ идома дода, бо коргардонҳои маъруфи ин кишвар шинос шуда, филми худашро ба навор гирад.
Биёед, имкону шароити таҳсил, кор ва зиндагӣ дар Куриёи Ҷанубиро аз забони худи Наимҷон шунавем.