Як муҳоҷири тоҷик, ки ҳамагӣ 23-сол доштааст, бо иттиҳоми ҳамла ба кормандони пулис дар Русия боздошт шуд. Тавре ки расонаҳои русӣ менависанд, ин ҷавон зодаи Тоҷикистон буда, бо корд ба пулис ҳуҷум ва ду корманди пулисро захмӣ намудааст...
Расонаҳои Русия аз ҷумла хабаргузории ТАСС ва РИА-Новости дар такя ба манобеи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз боздошти ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамла ба ду корманди пулис дар қисмати ҷанубии шаҳри Маскав хабар додаанд. Ин ҳодисаи нохуш шаби 15-уми феврал дар кӯчаи Мединская сар зада, як ҷавони зодаи Тоҷикистон ҳангоми боздошт ба кормандони пулис ҳамла намуда, ду нафарро захмӣ кардааст. Дар ин бора ТАСС дар такя ба манобеъаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.
Кӯчаи Мединская дар минтақаи Бирюлёвои ғарбӣ ҷойгир буда, бино ба маълумоти шабакаи РЕН ТВ, кормандони пулис баъди ба дасташон расидани хабари занозании се нафар дар даромадгоҳи як бино дар ин кӯча ба ҷойи ҳодиса омаданд. Яке аз иштирокчиёни занозанӣ дар даст корд доштааст. Ҳангоми боздошт ин ҷавони мусаллаҳ ба пулис ҳамла карда, ду корманди пулисро захмӣ намудааст.
Кормандони пулис ҳарду аз дасташон захмӣ шуда, ба ҷойи ҳодиса шумораи бештари кормандони пулис фиристода шудаанд ва ҷавони корд ба даст дастгир карда шудааст.
Ҳамлагар муҳоҷир ва зодаи Тоҷикистон буда, ҳамагӣ 23-сол дорад ва дар шаҳри Маскав ҷои зисти доимӣ надоштааст.
Кормандони осебдидаи пулисро бо захмҳои даст дар бемористон бистарӣ кардаанд, нисбати ҷавони ҳамлагар бошад, парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, ҷавони тоҷик дар зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат ҳангоми иҷрои вазифаашон муттаҳам дониста мешавад.
Қобили зикр аст, ки бар асоси моддаи 318-и Кодекси ҷиноятии Русия ба муҳоҷири кордкаш то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Албатта ғарибӣ кӯйи сахт аст, вале ҳар як фарди ғариб бояд аз он андеша намояд, ки як рафтори ноҷои ӯ боиси бадномии тамоми миллат ва пайдо шудани ҳисси бадбинӣ нисбат ба ғарибон гашта метавонад. Бадбахтона, на ҳамаи ғарибон ин нуктаро дарк мекунанд ва баъзан рафтори ноҷои як муҳоҷир боиси зарар дидани садҳо нафар муҳоҷирони дигар мегардад. Кордкашии ин муҳоҷири тоҷик ба сӯйи кормандони пулиси рус вазъи бе ин ин ҳам нохуби муҳоҷирони тоҷикро боз ҳам бадтар намуда, буду боши онҳоро дар қаламрави Русия душвортар мегардонад, бинобар ин, мо аз тамоми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хоҳиш мекунем, ки дар мулки ғурбат ҳар як қадами худро дониста гузоранд ва боиси бадномии милллати тоҷик ва сард шудани муносибати мардуми маҳаллӣ нисбат ба тоҷикон нагарданд.
Ф. Сатторӣ