Шоми 17-уми октябр дар “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории дуюмин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” баргузор гашт.
Саҳни “Кохи Суруш” дирӯз идгоҳро мемонд. Ситораҳои синамо ва чеҳраҳои намоёни фарҳунгу ҳунари тоҷик дар ин маркази фарҳангӣ ҷамъ омада, оғози маросими ҷоизасупории дуюмин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон”-ро бесаброна интизорӣ мекашиданд ва байни худ дар боби бурду бохти синамои тоҷик дар даврони истиқлол сӯҳбат менамуданд.
Ниҳоят дар ҳавои мусиқии тантанавӣ бо даъвати садри маҷлис зери мавҷи кафкӯбиҳои бардавоми мухлисони бешумори санъати синамо меҳмонони олиқадр қадам ба роҳрави сурх гузоштанд. Дар байни ҳайъати меҳмонони дуюмин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” синамогарони машҳур аз Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Белорусия, Арманистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбекистон ва кишварҳои дигар низ буданд.
Чорабинӣ хеле пуршукӯҳ гузашта, ситораҳои эстрадаи тоҷик Ситораи Кароматулло, Фотима Машрабова, ансамбли рақсии “Падида” ва дигар ҳунармандони булбуловоз бо таронаҳои дилошуб ва рақсҳои ҷаззоби худ хотири меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро шод гардониданд.
Ҳамин тавр дар фазои идона ҷоизаҳои дуюмин Синамоиҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” ба беҳтарин коргардонҳо, ҳунармандон ва дигар чеҳраҳои фарҳангӣ, ки дар рушду нумӯъи санъати кинои тоҷик саҳми арзандаи хешро мегузоранд, супурда шуд.
Ҷоизаи “Беҳтарин филми мустанад”-ро коргардони боистеъдоди тоҷик Рустам Шоазимов бо филми мустанади “Пайравони ҳақиқат” ба даст овард.
Ҷоизаи “Беҳтарин филми тасвирӣ” ба филми тавсирии “Зани порсо”-и коргардон Фирдавс Насруллозода супурда шуд.
Ҷоизаи “Беҳтарин коргардони овоз” насиби Рустам Атохонов барои филми “Танҳо ту” гашт.
Ҷоизаи беҳтарин филми “Дебют” ба филми “Фуруғ”-и коргардон Одина Маҳмад супурда шуд.
Ҷоизаи “Беҳтарин танзим”-ро коргардон Дилшод Раҳмонов барои филми мустанади “Мактаби мардонагӣ” ба даст овард.
Ҷоизаи “Беҳтарин дизайн” насиби филми “Танҳо ту”-и коргардон Восеъ Набиев гашт.
Ҷоизаи “Таваҷҷуҳи мухлисон”-ро филми “Ғам”-и Музаффар Шодиев сазовор гашт.
Ҷоизаи “Беҳтарин наворбардор” ба Шуҳрат Қурбонов барои филми “Танҳо ту” супурда шуд.
Ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” барои филми “Зиндагӣ зебост” ба Далер Раҳматов супурда шуд.
Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”-ро Насриддини Нуриддин барои филми “Зиндагӣ зебост” сазовор гашт.
Ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона”-ро Таҳмина Раҷабова барои филми “Зиндагӣ зебост” сазовор гашт.
Ҷоизаи “Беҳтарин нақши кӯдакона” ба Зулайхои Абдулҳаким” барои филми “Се хоҳарон” супурда шуд.
Ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” насиби “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардон Манзаралӣ Шералӣ гашт.
Ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ”-ро филми “Модар”-и коргардон Нигина Раҷабова сазовор гашт.
Ҷоизаи ифтихории “Килки заррин”-и Синамоиҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” насиби филмноманависи машҳури тоҷик Шераки Ориён шуд
Шоҳҷоиза-Гран-Прии дуюмин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” насиби “Моҳӣ дар шаст”-и коргардон Муҳиддин Музаффар гашт.
Мо-аҳли эҷоди сомонаи Oila. tj аз самими қабл кулли ҷоизадорони дуюмин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон”-ро сидқан муборакбод гуфта, барояшон илҳоми тоза ва дастоварду парвозҳои баланди эҷодӣ хоҳонем.
Умедворем, ки “Тоҷи Сомон” барои рушду нумӯъи санъати синамои тоҷик такони тоза мебахшад.