arzon replenishment
Тоҷи шараф андешаи Истиқлол аст
09.09.2024
ОИЛА.ТҶ
231

Тоҷи шараф андешаи Истиқлол аст,

Андешаи ҳақ решаи Истиқлол аст.

Соҳибватане, ки бо ҷаҳон сарбасар аст,

Шерест, ки аз бешаи Истиқлол аст.

 

НИЁИШИ ИСТИҚЛОЛ

Ба Истиқлоли меҳан саҷда орам,

Намозамро ба даргоҳаш гузорам.

Бихонам ояти шукронааш беш,

Ки ҳаст он ҳадяи Парвардигорам.

Бибӯсам парчами сабзи Ватанро,

Хазони дил равад, ояд баҳорам.

Шабонгаҳ бодаи моҳаш бинӯшам,

Сабоҳаш бод доруи хуморам.

 

ИСТИҚЛОЛ

Ҷангро мо дур аз худ сохтем,

Ҷону дилро дар раҳи ту бохтем.

Буд парчам зери пои нокасон,

Парчаматро то фалак афрохтем.

Шукри Истиқлол мебояд намуд,

Шукри ин иқбол мебояд намуд.

Душманони миллати мо хор шуд,

Аз буду аз ҳастияш безор шуд.

Гардиши ин чархи гардунро нигар,

Худ ба дори сохтааш бар дор шуд.

Шукри Истиқлол мебояд намуд,

Шукри ин иқбол мебояд намуд.

Миллати мо гашт машҳури ҷаҳон,

Навбаҳораш дур гардид аз хазон.

Хурраму сарсабз мебошад кунун,

Ҷаҳд месозем ки бошад дар амон.

Файзи Раҳмонист Истиқлоли мо,

Раҳми Яздонист Истиқлоли мо.

 

НУРЕСТ БА ДИДАГОНИ МО ИСТИҚЛОЛ

Нурест ба дидагони мо Истиқлол,

Зӯре ба тану равони мо Истиқлол.

Як миллати пошхӯрдаро ҷамъ овард,

Пайвандгарди ҷаҳони мо Истиқлол.

Бо пайки хушаш ҳама Ватансоз шудем,

Ному насабу забони мо Истиқлол.

Соҳибватанему соҳиби қисмати хеш,

Муъҷизаи шаъну шони мо Истиқлол.

Равшан шуда аз чароғи чашмаш роҳи мо,

Моҳест дар осмони мо Истиқлол.

Эй ҳамқалами азиз, васфаш бисаро,

Зебоии достони мо Истиқлол.

Шукрона, ки дар канори ӯ масрурем,

Ободии хонадони мо Истиқлол.

 

ВАСФИ ИСТИҚЛОЛ

Месароям маснади волои Истиқлол,

Медамад хуршед аз фардои Истиқлол.

Зери бари минати ғайре будан талх аст,

Коми мо ширин шуд аз ҳалвои Истиқлол.

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашту лек,

Аз ҷаҳони ишқ буд ҷӯёи Истиқлол.

Пири Тусӣ кард эҳё то Хуросонам,

Шоҳнома худ бувад эҳёи Истиқлол.

Миллати мо зист бо фарҳанги андеша,

То музаффар гашт ба дунёи Истиқлол.

Қисса шуд шеъру забони шакарӣ моро,

Шеъри мо дорад ҳама маънои Истиқлол.

Сураҳои ишқ орам ман ба номаш беш,

Оят-оят мекунам ифшои Истиқлол,

Ҳамватан! Ай ҷони ман, дастобадаст имрӯз,

Саҷда бояд кард хоки пойи Истиқлол.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД