Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, ки то 22-юми феврал дар кишвар баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон то 25 дараҷа гарм шуда, 21-уми феврал борон меборад.
21-уми феврал дар баъзе аз навоҳии вилояти Суғд борони кӯтоҳмуддат дар назар аст ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 8+13, рӯзона 15+20 дараҷа гарм ва рӯзҳои 21-22-юми феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, 21-уми феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 2+7 дараҷа гармӣ дар назар аст.
21-уми феврал дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ борони кӯтоҳмуддат меборад ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6+11, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, 21-уми феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ 21-уми феврал борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.