Дарде дорам, гӯям забонам месӯзад ва агар нагӯям, мағз-мағзи устухонам. Се сол мешавад, мехоҳам ин алами худро қиссае сохта, ба суроғаи «Оила»-и дардошно фиристам ва инак, хома ба даст гирифта, бо оби чашм менависам…
Аз хурдӣ шоҳиди он будам, ки модаркалони порсою меҳрубонам пас аз хатми намоз дуру дароз ба Худованд муноҷот мекарданд ва онро чунин хатм менамуданд: Парвардигорам, ману пайвандонамро аз ғорати шайтон, тӯҳмати ногаҳон, ҳамсояи бадгумон, шару шӯри ин дунёи гузарон дар паноҳи раҳматат нигаҳбон шав. Ман низ аз рӯзе, ки ба намоз хондан шурӯъ кардам, ҳамин муноҷотҳоро мекардам ва ҳеҷ гоҳ дар гӯшаи хотирам ҳам набуд, ки ба тӯҳмати ногаҳон гирифтор мешавам. Шояд ба Худованд сар-сарӣ роз мегуфтам…
Аламҳои ятимӣ
Ман ятимдухтари бепадар будаму дар дари хонаи тағоҳоям ба воя расидам. Падарам зери мошини шахси дорое монда, ба ҳалокат расид. Ростӣ, намедонам айб аз падарам гузашт ё аз ронанда, ки марди сарватманд баъди дар зери чархи мошинаш ба ҳалокат расидани ҷавонмарди сисола дар озодӣ мондааст. Баъди додани маъракаҳои чили падарам, амакиҳоям модарамро бо ду духтараки хурдсол, ману хоҳарам оварда, дар хонаи бибии модариям монданд.
Бобою бибии падариям он вақтҳо дар қайди ҳаёт набудаанду бобои модариям низ. Чор хола дорам, ки ҳар кадоме пайи зиндагии хеш буданду тағоҳоям дастгиру мададгори модарам гаштанд. Бечора модарам чӣ ҳоли зоре дошт, рӯзи дароз дар аробачае ҳар гуна ашёи ниёзи мардумро аз қабили собун, дандоншӯяк, қоғази ташноб, ҷӯроб ва дигар майда-чуйда бор карда, деҳа ба деҳа мегашту савдо мекард.Мо ду хоҳар аз хурдӣ ба меҳнат одат карда будем, бибиям модарамро бори дуюм ба шавҳар дод, аммо падарандарам, ки аз модарам сӣ сол калон буд, вафот кард ва модарам бо додаракам баргашта, боз ба хонаи падарӣ омад. Дилам ба ҳоли парешони модари баргаштабахтам месӯхт.
Дар ин миён хабар ёфтем, ки ҳамон марде, ки падарамро зер карда кушта будааст, пули як хонаро ба амакҳоям додааст, то барои мо хона харанд, аммо онҳо пули мо ятимонро аз худ кардаанд. Модарам инро шунида, ба хонаи амакҳом рафт, аммо аз он тараф гирёну нолон баргашт, амакҳои аз Худо баргаштаам, ӯро бо ҳақорату таҳдид аз хона ронданд. Таънааш карданд, ки ту шавҳар кардӣ ва на худату на духтаронат ба мо даркор нестӣ, гӯё то ин дам даркор будем. Модарам ба маъракаи соли падарандарам рафту аз он сӯ хурсанд омад, писарони мӯйсафед ба ӯ пули даҳ сотих заминро дода гуфтаанд, ки як замин ёфта, харидорӣ намо ва ба хотири додарамон дар сохтмони хонаат ёрӣ медиҳем…
(давом дорад)