Arzon Navruz
ТӮҲМАТИ ҚИСМАТСОЗ (ҚИСМИ 2)
07.04.2021
ОИЛА
1068

ИДОМААШ...

Соро шабона ба хонаи муаллим омад. Муаллими ҷавон аксар вақт дар мобайни боғ хоб мекард. Соро нотарсона ба ҷои хобби муаллим омад. Муаллим дар гармо бо либоси таг хоб мекард.


Муаллим масти хоб буду Соро ба таги курпа даромад. Вай курпаро ба болояш гирифта ором хобид ва муалиим аз ин бехабар буд. Сорои либоскашида муаллимро оғӯш карду дар болои сараш раиси маҳалла директор ва боз чанд муаллими дигар пайдо шуданд. Бародари калонии Соро, ки як авбоши гузаро буд муаллими гаранги хоболудро , ки чизеро намефаҳмид зери мушту лагад гирифт. Даҳону бинии муаллим пур аз хун шуд. Духтар низ бардуруғ шатта хурда доду вой мебардошт, ки худи муаллим ӯро ба хонааш даъват кард. Як кас таклиф кард, ки милисаро даъват карда муаллимро ба суд додан лозим аст. Директори ба мақсад расида «тарафдори муаллимаш» шуд. Вай мардумро ором карда:- Муаллим ҷавони кард. Ин кор агар овоза гардад обрӯи маҳалла ва соҳибони духтар дар байни ҷомеа мерезад. Беҳтараш муаллим тарки деҳа кунад. Як муддат то бас шудани гапу калочаи мардум тарки деҳа кунад. Гапи директор қонун шуд. Муаллим аз дард беҳуш чизеро намефаҳмид. Модараш низ рози шуд, ки писараш як муддат ба Россия равад. Директор аллакай нақшаи ин корро кашида буд. Вай пештар супориш дода буд, ки ду ҷиянаш барои муаллим чипта харанд. Ҷиянҳои директор ҳамсинфи муаллим буданд ва маслиҳат карданд, ки рафиқашонро бо худ ба Россия мебаранд. Муаллими аз гиру дори зиндагӣ бехабар ночор ба сухани модараш даромада озими Россия равӣ шуд. Дигар чанд рӯз дар даҳони мардум гапи «Духтарбозии муаллими таърифӣ» буд. Аксари мардуми деҳа ба ин бовар надоштанд. Баъди гусели муаллим ин сирро духтари директор, ки муаллимро аз таҳи дил дӯст медошт ошкор кард. Вай нақшаи кашидаи падару модар ва чанд нафари дигарро ба мардуми фаҳмонид. Соро низ аз кардаи худ пӯшаймон буд. Муаллим аллакай ба дуриҳои дур рафта буд. Модари бечорааш шабу рӯз дуои вайро карда ба тӯҳматчиён ва бахилон нафрат мехонд.

Муаллим дигар дамдузд шуд. Ба кассе чизе нагуфта хомӯш мегашт. Ду рафиқи ҳамсинфаш вайро дар вокзал танҳо гузошта думро хода карда буданд. Сумкаашро ба даст гирифта ба болои хараке нишаст. Дар қабати вай як зани рус омада нишаст ва бетоқатона ба соати дасташ нигоҳ карда касеро дашном медод. Ҳар замон ба ҷониби муаллим назар карда чизе пурсиданӣ мешуду боз лаб фуру мебаст.

Тоқати зан тоқ шуду аз муаллим хоҳиш кард, ки як лаҳза ба борҳои вай нигоҳ карда истад вай ба ҷое рафта меояд. Муаллим чун шахси кар ва гунг сар ҷунбонду халос. Бечора сараш чунон гаранг буд, ки чи кор кардан ва ба кӯҷо рафтанашро намедонист. Зан қариб як соат гумм шуда рафт. Муаллим каме ба худ омада ба сумкаҳои калони зан дида духт. Хандааш омад, ки зани бегона ва ношиносе ба вай бовар мекунаду ҳамдиёронаш ба ӯ бовар надоранд. Аз чунин мардуми мусулмони тӯҳматчӣ безорам- нохост чунин сухан аз даҳонаш баромад. Худашро сарзаниш мекард, ки зиёд маҳмаддоноӣ ва худнамоидиҳӣ кард. Ба ёдаш чашмони аз гиря варамкардаи модараш ба қомати хамидаи падру ашкҳои рехтаи хоҳар ва додаронаш расид. Дилаш барои онҳо гум зад. Қасд кард, ки дигар меҳнати ҳалол карда бегуноҳиашро нишон медиҳад. Доғи бадро аз номи авлодаш мебардорад.

Зан ҳаллосзанон бо марди зиёинамои русе пайдо шуданд. Мард занашро барои бетоқатӣ таъна мезад ва ба ӯ гуфт, ки ту чихел ба ҷавони ношиноси мусиёҳ бовар кардӣ! Зан тамои борҳояшро дар ҷояш дида ба муаллим изҳори миннатдорӣ карда як миқдор пулро бароварда тарафи ӯ дароз кард. Муаллим пулро нагирифт. Ба ман пул даркор нест. Ин корро ман барои савоб кардам гуфт. Марди руси дар бари зан буда ҷониби ҷавон нигоҳ карда аз куҷо ва дар ин ҷо чикор карданашро пурсид. Ҷавон ҳарчанде забони руси ва англисиро хуб медонист , аммо канда –канда барои кор кардан омаданашро гуфт. Мард аз ҷавон хоҳиш кард, ки нияти кор карданро дошта бошад бо онҳо равад.

Онҳо аз шаҳри Ярослав буданд. Муаллим ба хонаи ин марди тавонои рӯс, ки давлати зиёде дошт ба кор даромад. Муаллимро ба бустонсарои навсохташ бурда монд. Ба муаллим ду саги калони хӯҷаин низ ҳамроҳ буд.

ИДОМААШРО ФАРДО ШАБ СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД