arzon replenishment
ТӮҲМАТ (ҚИСМИ 2)
24.03.2021
ОТИФ
4183

ИДОМААШ...
Эҳтироми ман нисбати хешовандонат туро қонеъ намекардааст: Кадом хешовандон? Ҳамонҳое, ки баъди туй ва солҳои зиёди зиндагии қашоқонае, ки доштему иҷоранишин будем боре аҳволпурсии туву зану бачаҳоят наомадаанд?

Ё ҳамонҳое, ки баъди сари мансабу давлат расиданат ногоҳ аз зери замин якбора баромаданду ширеши қиссаи ту шуданд? Бубахш, вале ман то қадри имкон эҳтиромашон мекардам. Ҳарчанд дар дил рафтори онҳоро набахшида будам. Модаратро модари худ хонда будаму маротибае эҳсос накардаам, ки аз хонаи ман норозӣ ё хиҷил баромада рафта бошад. Агар ноэҳтиромии ман то он дараҷае, ки ту нигоштаи мебуд, ҳар боре ки модарат хонаи мо меомад, таъкид ба таъкид бо оҳанги хоҳиш насиҳат намекард, ки босабр бошаму найрангҳои туро тоқат кунам. Рафиқонатро бошад аз тарси он, ки маро бо онҳо тӯҳмат накунӣ ва аз бадрашкии ту ҳамчун соҳибхоназан хуб пазирой карда наметавонистам. Инро худат нағз медонистӣ.

Хуб, меоем сари масъалаи ҷароҳии пластикии ман. Эй номард! Ҳангоми тифлӣ охиринамро таваллуд мекардам куҷо будӣ, то медидӣ, ки аз бепарвоиву бераҳмии ту чӣ гуна миёни хона бо ҳазор азоб таваллуд кардаму аз ҳуш рафтам.

Баъди ба худомадан болои сар фақат ҳамсоязанҳоро дидаму халос. Ин гуна ҷараён гирифтани таваллуд сиҳатии маро ҳамчу зан ба тамом рабуда буд. Ту худ медонистӣ, вале мисли зан бемории қаҳри карданҳоят шабу рӯз авҷ дошт. Чунки туро зарур буд, то бо маъшуқаат бошӣ. Маъшуқаат бошад, зани наздиктарин рафиқи туст. Ҳатто рӯи рост фармудӣ, ки ман бо он, ки ту кай, соати чанд хона меой, кордор набошам. Ба хотири гармии муносибат ва ба хотири саломатии худ тӯҳфаи ҳадянамудаи худи туро, ки нишони замони арӯсии ман буд, фурӯхта худро ҷарроҳӣ кардам.
Ай худобехабар, агар донистан хоҳӣ табибе, ки ҷарроҳии маро ба ӯҳда дошт ҳафта пеш баъди ташхис ҳайрон аз он шуд, ки чаро баъди ду моҳи табобат ҳанӯз миёни мо ҳеҷ гуна алоқае нест!

Умри ҷавони ман ҳамоғӯши дарди фироқу дар бистари сарду болини нам аз ашки ҳасрат гузаштаву ту номард ба ин қаноат накарда, даст ба тӯҳмат задай. Андешаи онро накардӣ, ки ба ҳарфҳои ту танҳо нафароне бовар мекунанд, ки кӣ будани «Гулсанам»-ро намедонанд, онҳое, ки маро медонанду мешиносанд, ба ҳоли ман раҳмашон меояду ба ту нафрат мехонанд.

Гуфтаҳои ту саропо нафрат аст. Гуё фаромӯш кардаӣ замонеро, ки туро мансабу вазифа набуд, пули бисёр надоштӣ. Он замон зиндагии ширин доштем. Чаро аз меҳрубониҳо ёд намеорӣ. Чаро аз бо бӯса гуселу бо ханда пешвоз гирифтанҳоям, чаро аз меҳру муҳаббатҳоям ёд наовардӣ?

Ман ку бо вуҷуди он, ки нисбати ман танҳо тамасхур дорӣ, он рӯзҳоро ёд мекунам. Дилам ростӣ барои ту месӯзад. Барои ту, ки миёни хешу табор, миёни дӯстон ва барои ба гуфти худи ту маслиҳатгар ё (агентат) бозичае беш нестӣ. Марде, ки нимаи умраш гузаштаву барфи пирӣ бар мӯям нишастааст, чун писарчае, ки бо ҳазор найрангу фиреб бозиаш медоранд, воситаи масхараи нафаре гаштай, чӣ айбе. Охир марде, ки шубҳа дорад, зани ҳалолаш ҳаромӣ мекунад, бояд ҳатман пайи исботи шубҳааш бошад. Ин кори андак нест.

Модоме, ки ҳамон «дӯсти ҷониат», ки аз пайи ман мепоидаст (ҳарчанд боварӣ надорам ва гумон мекунам ки ин ҳам як туҳмати дигаре ба нишонаи рафиқи ноайёни туст) аниқтар напойидааст. Охир асос надорӣ, номард! Рафиқи ту маро дар мошини сафед дидаасту пардаҳои мошин, ҳатто чандсола будани «маъшуқ»-и маро дидаву пас чаро рақами мошинро дида натавонист, ки далели асоси танҳо рақами мошин буд.Ё ин ки бегоҳиҳо ғайб задани маро медидаасту ба куҷо рафтани маро боре аниқ напоидааст?

Эй бозичаи дасти бозингари аҳмақ, пеш аз он ки лаб кушодану модари фарзандони худро фоҳиша хониву ба ҳалолӣ будани фарзандонат шакку шубҳа намой, ҳамчун як одами гӯё, «босавод»-у ҳози- разамон ташхиси хуни онҳоро накардӣ?! Охир чӣ гуна кас метавонад ба фарзанди аз марди дигар ҳаромӣ таваллудшуда номи падару модари худро гузорад?! Ин магар нишонаи мардист?

Дилам ба фарзандонам месӯзад, ки онҳо гуноҳе надоранд. Бо тамоми ҳастӣ туро дӯст медоранд. Ҳар бегоҳ мунтазири онанд, ки ба наздашон меой. Ҳатто писари 6-солаам аз ман пурсон мешавад, ки «Очаҷон, дадаи ҳама омаду дадаи ман намеояд?!»

Аз пайи вазифаю маишат шуда аз ману фарзандонам рӯ гардондай, номард! Дигар илоҷе набуд, ки маро фоҳиша хондиву ҷигарбандонамро ҳаромӣ?!

Дар мавриди тӯҳмати асосии ту, ки маро гӯё нодухтар гирифтӣ, зан кардай, суҳбати алоҳидаву ҷиддие дорам. Зеро маҳз ҳамин тӯҳмати ту номард маҷбурам кардааст, ки бори дигар бо ту рӯ ба рӯ шавам. Танҳо ҳаминро мехоҳам бидонӣ, ки рӯҷои хоби бистари арӯсии ман мувофиқи таъкиди худи ту то кунун дар сандуқи хонаи бевагиам ниҳон аст, нокас!

Ҳайф медонам 15 соли умри ҷавонии худро, ки аз паси панҷараи тирезаи хонаат роҳи туро нигаронӣ доштам. Беҳтарин солҳоро дар интизори омад-омади шикасти бахт гузаронидаму имрӯз, ки бояд аз пайи омодагии ар- духтарӣ қадрасам бошам, нокасе лонаи бо меҳр сохтаи маро вайрону чӯҷаҳоямро аз ман ҷудо карданист.

Гунаҳгорам, зеро барои ин номард шуда аз ҳама наздиконам рӯгардон шудам, ба хотири бахт ба хотири фарзанд. Гунаҳкорам, зеро аз сабри худ танҳо бой додаму халос. Ва дар охир як бор туро даъват меорам, ки пайи исботи гуфтаҳоят бошӣ.

Бимон ман сӯзаму ту дар амон бошӣ,

Бимон ман мираму ту ҷовидон бошй.

Мо ҳеҷ, замона ҳеҷ дунё ҳама ҳеҷ.

Эй ҳеҷ зи баҳри ҳеҷ бар ҳеҷ мапеҷ.

Донӣ, ки зи одамӣ, чӣ боқӣ монад,

Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ.

АНҶОМ!

ОТИФ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД