Агентии бодуҳавонишосии кишвар огоҳ намудааст, ки аз 10 то 12-уми июн дар Тоҷикистон вазъи боду ҳаво якбора тағйир ёфта, хатари боридани боронҳои шадид ва омадани сел вуҷуд дорад. Сокинони минтақаҳои кӯҳӣ, наздикӯҳӣ ва баландкӯҳ дар ин рӯзҳо бояд эҳтиёткор бошанд.
Бино ба маълумоти ин ниҳод, дар ин рӯзҳо дар манотиқи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва Кӯҳистони Бадахшон боронҳои кӯтоҳмуддат ва шадид борида, ин метавонад боиси омадани сел гардад.
Дар вилояти Хатлон рӯзҳои 11-12-уми июн борони кӯтоҳмуддат меборад, вале рӯзҳои 13-14-уми июн ҳавои бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона +21...+ 26° ва рӯзона +34...+39°C гарм мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳии ин вилоят шабона ҳаво +15...+20°C ва рӯзона +27...+32°C гарм хоҳад шуд. Ба вуҷуд омадани тӯфони магнитӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд боронҳои кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона +18...+23°C ва рӯзона +29...+ 34°C, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона +7...+12°C ва рӯзона +19...+24°C гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ аз 11 то 13-уми июн боронҳои кӯтоҳмуддат борида, дар минтақаҳои кӯҳӣ хавфи омадани сел бар асари боридани борони шадид вуҷуд дорад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона +19...+24°C, рӯзона +30...+-35°C, дар минтақаҳои кӯҳӣ шабона +10...+15°C ва рӯзона +23...+28°C гарм хоҳад шуд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ шудааст. Ҳарорати ҳаво дар қисмати ғарбии вилоят шабона +13…+18°C, рӯзона +24…+29°C, дар қисмати шарқии вилоят шабона +1…+6°C, рӯзона +13…+18°C гарм хоҳад шуд.
Вобастиа ба тағйирёбии боду ҳаво ва хатари омадани сел аз аҳолӣ, махсусан аз сокинони навоҳии кӯҳӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарнок дар ин рӯзҳо худдорӣ намоянд.