Тими миллии наврасони Тоҷикистон дар “Ҷоми рушд-2026”-и Беларус иштирок мекунад
18

Аз 19 то 23-юми феврал дар шаҳри Минск мусобиқаи “Ҷоми рушд-2026”-и Беларус доир мегардад, ки дар он 8 даста иштирок мекунанд.

Дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Беларус (19-уми феврал), Минск (20-уми феврал) ва Қазоқистон (21-уми феврал) нерӯ месанҷад.

Дар гурӯҳи “В”-и мусобиқа тимҳои наврасони Беларус (U-16), Русия, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон рақобат мекунанд.

“Мувофиқи низомнома дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давра бозӣ хоҳанд кард. Ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ ёфта, тимҳои ҷойи дуюм барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин, барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8-ум ҳам вохӯриҳо баргузор мешаванд”,- иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки тими миллии наврасони Тоҷикистон соли гузашта ҳам дар мусобиқаи “Ҷоми рушд” ширкат карда, зинаи 7-умро гирифта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД