Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаи миллии футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ҷамъомади тамринии даста то 24-уми январ дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешавад. Дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ мунтахаби Тоҷикистон бо яккачинҳои Қирғизистон (16-уми январ), Индонезия (20-уми январ) ва Арабистони Саудӣ (20-уми январ) рақобатҳои санҷишӣ анҷом медиҳад.
Қобили зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «С» бо Ӯзбекистон (28-уми январ), Ҷопон (30-юми январ) ва Австралия (1-уми феврал) бозӣ мекунад.