arzon replenishment
ТИФЛИ ГУНОҲ (ҚИСМИ 2)
2908

(Идомаааш)

Нахли умед

Малоҳат дар назди табиб қариб се моҳ табобат гирифт ва ниҳоят ҳомиладор шуд. Хурсандиашро интиҳо набуд, хусуру хушдоманаш низ хабари ҳомиладор шудани келини меҳрубонашонро шунида, аз шодӣ ҷойи нишаст намеёфтанд. Танҳо Алишер ба хурсандии аҳли хонадон шарик намешуд. Раису занаш бепарвоии писарашонро ба ҳомиладории ҳамсараш аз шарм дониста, худашон келинро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт менамуданд, то набераҳакашон сиҳату саломат ба дунё омада, ҷойнишини бобою номбардори падар ва давоми умри авлоди номдорашон гардад. Малоҳат бо гузаштани нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз духтарчаи зебое таваллуд карда, сари хусуру хушдоманашро ба осмон расонд, вале шавҳараш Алишер аз дидани ин тифли деринтизор хурсанд нашуд.

Шикасти бахти келини раис

Духтарчааш мактабрав шуд, вале Малоҳат дигар таваллуд накард. Алишер бо баҳонаи писардор нашудан ҷавоби занашро дод. Раису занаш намехостанд Малоҳат барин келини зебою чаққону ширинзабонро аз даст диҳанд, вале забони Малоҳат, ки дар назди шавҳараш кӯтоҳ буд, гиребони Алишерро нагирифт, даъво накард, ки барои кадом гуноҳаш ӯро миёнаи роҳ мекунад, хомӯшу сархам хонаи бахташро тарк намуд. Мардум ҳайрон буданд, ки чаро келини раис аз шавҳари сарватмандаш тақсим кардани хонаю мошин, пулу мол ва зару зевари бешумори тӯли солҳои якҷояи зиндагиашон ба даст омадаро накарда, таги як куртаи одии хонапӯшак дасти духтарчаашро гирифта ба хонаи падараш баргаштааст. Модари зори Малоҳат аз ғами бахти сиёҳи духтараш ба бистари беморӣ афтид ва се рӯз пас бод или пурҳасрат аз ҷаҳон гузашта, Малоҳати ғамзадаро бештар ба гирдоби дарду алам афканд.

Дарди бе дармон

Як хатои тақдирсӯз Малоҳатро дар кӯчаҳои зиндагӣ сарсону саргардон карда монд. Бечора ҷавонзани аламзада боз ду бори дигар хонадор шуд, вале бо сабаби фарзандор нашудан ниҳоли умраш дар ягон ҷо реша надавонд. Малоҳар ҷудо шуда, боз мӯҳтоҷи хонаю дари бародарон гашт. Шабҳо то саҳар хобаш намебурд, фикр мекард, ки духтараш қадрас шуда истодааст ва имрӯзу пагоҳ шавҳар карда меравад, он гоҳ ҳоли вай чӣ мешавад. «Ҳамон бачаамро дар роддом намепартофтам, ҳоло 20 сола мешуд ва дар дами пирӣ асои дасту саробони сарам мегашт» бо алам аз дил мегузаронд Малоҳат ва хаёлан қаду қомати писари бо дасти худ додаашро пеши назар оварда, обу адо мешуд. Дилаш ба ёди меваи айёми ҷавониаш гум мезад.

Дар ҷустуҷӯйи писар

Ба ранҷи дури фарзанд тоб наоварда, ниҳоят Малоҳат роҳи пойтахтро пеш гирифт. Мақсад дошт, ки ҳамон духтури шиносашро меёбад ва бок адом роҳе, ки набошад. дар куҷо будани писарашро фаҳмида мегирад., Лозим шавад, пеши пояш меафтад, пойҳояшро мебӯсад, то ақалан аз дур як назар писарашро ба ӯ нишон диҳад. Бо умед роҳи дарозу каҷукилеби кӯҳистонро тай карда ба шаҳр омад модари фарзандбезор ва хаставу афгор дари ҳамон таваллудхонаеро кӯфт, ки 20 сол пештар тифлакашро дар он ҷо партофта рафта буд. Духтури шиносашро аз чанд табиб суроғ кард, вале ҳама бо як овоз гуфтанд, ки хеле дер омадааст. Духтури ошнояш ду сол пеш аз ин аз дарди саратони ҷигар фавтида будааст. Малоҳати хунҷигар оҳи сарде кашида худаш ба ҷустуҷӯйи фарзанди дар вақташ аз беақлӣ партофтааш афтод. Ба ғайр аз ҳамон духтури раҳматӣ дигар кассе намедонист, ки тақдири писарчаи Малоҳат чӣ шуд ва дар дасти кист, бинобар ин, модари фарзандбезори акнун ба фарзанд зоршуда намедонист суроғи ҷигарбандашро аз куҷо ҷӯяд. Тамоми хонаҳои кӯдакони пойтахт ва сағирхонаҳоро кофт, вале аз писараш нишоне наёфта бо дили реш ба деҳааш баргашт.

Девонаи рӯйи фарзанд

Малоҳат аз ғами Писар ва гиряву нолаи бисёр оқибат девона шуд. Модари дар ҳасрати писар девонагашта рӯзи дароз дар кӯчаю бозорҳо мегардаду ҳар одами аз сари роҳаш баромадаро нигоҳ дошта мепурсад: «Бачаи маро надидӣ?» Одамони аз тақдири талхи ин зани аз дарди ғами бешумор ниҳоли қоматаш барвақт хамзада бехабар гумон мекунанд, ки Малоҳати девона ҳарза мегӯяд, бехабар аз он, ки аммабачаи худобехабараш ӯро ба чунин рӯзи сиёҳ гирифтор намудааст. Кайфи як лаҳзаинаи Фаттоҳи аблаҳ Малоҳатро, ки бо дипломи сурх мактаби олиро хатм карда буд, якумра бадбахт ва аз чашмидани заҳди зиндагии ширини оилавӣ маҳрум намуд. Ин ҷавони айшпараст барои ин гуноҳи азимаш дар ин дунё бе ҷазо монда бошад ҳам, Худованд дар он дунё барои рӯзи сиёҳ ва ҳама аламу хориҳои кашидаи Малоҳат албатта музоҷоташ хоҳад кард.

 АНҶОМ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД