Тӯфони фавқулиқтидори «Фредди» пурқувваттарин ва тӯлонитарин дар таърихи башарият аст.
Он аввалин маротиба 6 феврал пас аз ташаккулёбии худ дар соҳили шимолии Австралия номгузорӣ гардид. Аз он вақт инҷониб зиёда аз 8000 километрро тай карда, тамоми уқёнуси Ҳиндро убур намуд ва се маротиба ба замин бархӯрдааст.
"Қувваи тӯфони «Фредди» ниҳоят ба тамом шудан оғоз кард, ҳоло ба назар мерасад, ки он ором мешавад".
Бар асари тӯфони «Фредди» на кам аз 148 нафар ба ҳалокат расида, 19 нафари дигар бедарак шудааст.