Зулайхо Маҳмадшоева, ситораи пурҷилои тоҷик бо сурудҳои дилнишин ва овози форамаш ба дили миллионҳо нафар роҳ ёфтааст.
Ин бонуи ҳунар дар саҳифаи инстаграмаш дар зери як видое хабар додааст, ки ба футбозони тоҷик як суруд ҳадя мекунад.
Дар навор дида мешавад, ки футболбозини тоҷик баъди пирӯзи аз Аморати Муттаҳида Араб дар ҳавои таронаи ӯ рақсида истодаанд. Зулайхо дар зери видео чунин навиштааст:
“ Ин ғолибият барои ҳамаамон муборак бошад! Парчамбардорони миллати тоҷик, худо кунад, ки ҳамавақт ҳамин гуна сари шумо боло бошад ва мо ифтихор кунем, ки ин гун ҷавонмардони бо нангу номус дорем дар Ватанамон Тоҷикистон. Дар таронаҳои ман рақсидед, бисёр шод шудам. Ман як таронаи махсус барои футболбозони Тоҷикистон мехонам. Ин Шо Аллоҳ аз тарафи ман ҳамчун ҳадя”
Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон шаби 28-уми январ бо футболбозони Аморати Муттаҳидаи Араб бозӣ карда, ғолиб омаданд.