sebiston july new
Тӯҳфаи навбатии Пешвои муаззами миллат 
1585

Раиси н.Мурғоб Ҳусния Раҷабова барои кӯмаки саривақтӣ расондан ба сокинони ноҳия ба Президенти кишвар сипосгузорӣ намуд:

Имрӯз тӯҳфаи саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили ғизо ва доруворӣ ба ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб омад.
Кормандони тиббӣ ва кулли сокинони ноҳияи Мурғоб аз ин ғамхориҳои Президенти ҶТ сипосгузор буда, аз кӯмаки навбатии Сарвари давлат барои кормандони соҳаи тиб, ки бо вабои аср касали коронавирус ҳаррӯза мубориза мебаранд ва шахсони гирифтори ин беморӣ тамоми сокинон ва кормандонро рӯҳбаланд сохта, бовариашонро барои бартараф сохтани ҳар чӣ зудтари ин беморӣ боз ҳам қавитар намуд. Аз ин иқдоми неки Пешвои муаззами миллат. Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти ҶТ истиқоматкунандагони ноҳияи Мурғоб қайд намуданд, ки онҳо бовари доранд, ки дар рӯзҳои душвор танҳо нестанд. Аз ин рӯ ба Ҷаноби Олӣ умри дароз, тансиҳатӣ ва дар корҳояшон бурдбориҳоро зиёд таманно дошта, ба Тоҷикистони азиз гулгул шукуфӣ талаб доранд!
Бигузор таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат халқи Тоҷикистон вабои асрро осон гузаронид ба дастовардҳои нав ба нав комёб гардад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД