Arzon march 2024
Тӯҳфа Солибобоева: Ҳунар мардонаву занона намешавад
817

Тӯҳфа Солибобоева беш аз 1 сол мешавад, ки ба касби кулолгарӣ машғул аст. Ӯ ин ҳунари қадимаро аз ҳунармандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон омӯхтааст ва феълан бо як гуруҳи занҳо аз ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Маҷмааи таърихӣ -фарҳангии Қалъаи Хуҷанд ба кулолгарӣ машғул аст.

Тӯҳфа дар кори худ аз техникаи нодир истифода мебарад: маҳсулотро ба қолибҳои махсуси гаҷӣ рехта, баъд дар танӯр мепазад. Ӯ гилҳоро ба навъҳо ҷудо карда, дар об тар мекунад, баъд онро бо дастонаш хамир мекунад, то ба кор мувофиқ гардад. Дар ҳавои гарм аз онҳо дар давоми 5-6 соат ва дар зимистон - дар як рӯз маҳсулот ба даст овардан мумкин аст. Тӯҳфа Солибобоева ва ҳамроҳонаш маҳсулотро аввал дар танӯри махсус мепазанд ва марҳилаи навбатӣ ранг кардани гил мешавад.

“Мо аввал лойро гирифта, хушк мекунонем. Баъд онро наждак карда, тавассути оташ дар ҳарорати 180 дараҷа метасфонем. Боз аз нав гирифта, онро ранг карда, дубора дар оташ мепазонем”,- мегӯяд ӯ.

Бино ба гуфтаи қаҳрамони мо ҳунари кулолгарӣ меҳнати зиёдеро талаб менамояд ва ин кор бештар хоси мардон аст. Апаи Туҳфа новобаста аз душвориҳо нозукиҳои ин касбро омӯхта, имрӯз талош менамояд ба занҳои дигар низ онро омӯзонад.

Солибобоева мегӯяд, дар аввал бисёр азоб кашид, зеро лойзаниву хушк кардани он, суфта кардану ба қолаб даровардан, то ҷое барои занон кори душвор аст. Аммо баъди сипарӣ гардидани як сол тамоми нозукиҳои кулолгариро омӯхт ва имрӯз ин ҳунар барояш василаи рӯзгузаронӣ шудааст.

“Пеши худ мақсад гузоштам, ки бояд ин корро омӯзам ва омӯхтам. То омӯзиши ин ҳунар хонашин будам ва бисёр азоб ҳам мекашидам. Хушбахтона, имрӯз мушкилиҳо ҳама паси сар шуданд. Ҳоло фикр мекунам, ки занҳо бояд дар хона бе кор наистанду мисли ман ягон ҳунар омӯзанд,”-тавсия медиҳад апаи Туҳфа.

Қаҳрамони мо қисса мекунад, ки барои пеш бурдани рӯзгор баъзан ҳамроҳи занҳои қишлоқ ба кори саҳро мерафт. Онҳо ҳамроҳ фармоиш қабул карда, аз субҳ то шом дар замин кор мекарданд. Баъзан дар назди устоҳои маъруф шогирд мешуданд, гоҳи дигар ба деҳқонҳо кӯмак карда, ба кишту кор мепайвастанд.

Апаи Туҳфа имрӯз хело хурсанд аст, ки ҳунареро аз худ кардааст ва дигар маҷбур намешавад ба дари хонаю замини мардум равад.

“Кори саҳро барои ман душвор буд, зери офтоби сӯзон корҳои вазнинро ба мо мефармуданд. Ҳоло дар коргоҳи салқин кор мекунаму шогирд омода месозам. Шароити зиндагиям баъди аз худ намудани ин касб хеле беҳтар шуд. Акнун фарзандонам бо молу маҳсулоти хонишу рӯзгор таъмин ҳастанд. Ҳунарманд будан беҳтар аз корманди кироя аст”,- мегӯяд ӯ.

Тӯҳфа Солибобоева ният дорад, ки дар оянда боз ҳам ҳунари худро сайқал дода, занҳои хонашинро ба омӯзиш ҷалб намояд. Ба гуфтаи ӯ ҳунар мардонаю занона намешавад. Барои муваффақ шудан танҳо пеши худ мақсад гузоштан кофӣ аст.

С. УБАЙДУЛЛОЕВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД