Темур Зулфиқоровро адабиётшиносони ҷаҳонӣ нобиғаи адабиёти олам меҳисобанд. Ӯ шоир, романнавис, воқеанигор ва намоишноманависи машҳури русзабони тоҷик аст.
Темур Зулфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ муаллифи беш 150 суруда, беш аз 20 филмномаи бадеиву мустанад, 30 асари манзумаву мансур аст, ки адади нашри онҳо беш аз як миллион нусха баршумурда шудааст.
Асарҳои маъруфи ӯ дар бораи Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Иван Грозний, Темури Ланг, "Сафари заминӣ ва осмонии шоир", "Истодаву гирён дар миёни обҳои равон" ва ғайра мебошанд.
Асарҳои навиштаи ин адиби машҳур сазовори даҳҳо ҷоизаҳои байналмилалӣ гардидаанд.
Темур Зулфиқоровро ду маротиба нашриёти "Художественная литература"-и Маскав барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт тавсия додааст.
Ӯ тобонтарин ситораи тоҷики адабиёти рус маҳсуб меёбад.