Telegram дар як шабонарӯз дастрасии
беш аз 100 ҳазор нафарро маҳдуд намуд
Telegram дар бадали як шабонарӯзи охир дастрасиро ба беш аз 114 000 гурӯҳ ва каналҳо маҳдуд кардааст. Ин шабака танҳо дар моҳи март дар маҷмӯъ 1,5 миллион ҷамъиятҳоро “блок” кардааст, ки аз ин шумора 9,4 ҳазораш ба терроризм иртибот доштаанд.
Аз оғози соли 2026 Telegram дастрасии беш аз 10,1 миллион нафарро маҳдуд намуда, сабаби маҳдудсозиро маъмурияти шабака ба вайрон кардани қоидаҳои платформа ва паҳн намудани маводи ғайриқонунӣ рабт додааст.