arzon replenishment
“Телефонашро шикастанду худашро таҳқир карданд”
3079

“Духтаракон ночор барои гирифтани сумкаю телефонҳояшон ба онҳо ҳамла мекунанд ва сенафара дугонаи духтарамро ба замин афтонда бо шата ба сару рӯю шикамаш мезананд. Телефони духтарамро ба замин партофта мешиканад.”

Шаҳноз Комилзода, рӯзноманигори шинохта ва модари яке духтароне, ки аз дасти як гурӯҳи сенафари ҷавонон зери шиканҷа қарор гирифтаанд, дар ин бора навиштааст.

“Дӯстон, агар ин номардонро дар ҳар ҷое дидед ба рӯяшон туф кунед!
Имруз соати 3-и рӯз дар маркази шаҳри Душанбе 3 нафар ба 2 духтари 15 сола, ки якеаш духтари ман буд дастдарозӣ, дашном ва латукуб мекунанд.
Ба аъзои бадани духтарам даст мерасонад, духтарам кушиш мекунад дастони ин ҳайвонро аз баданаш дур кунад, баъд телефонашро аз дасташ зада мегирад ва дашномаш мекунад... "Шумо барин духтарҳо фақат барои г...д мегӯяд.".... духтарам кушиш мекунад телефонашро аз дасти ӯ бигирад дар ҳамин миён ду марди дигар, дустони ин аблаҳ сумкаи духтарамро аз дасташ кашида мегиранду таҳқир кардан мегирад. Дугонаи духтарам ҳам талош мекунад чизҳояшонро аз дасти писарҳо бигиранд аммо онҳо ҳамин тавр духтарҳоро аз пеши поликлиника 1 то назди ОВИР, ҳудуди 500 метр таҳқиру дашном карда меоранд.

image_2021-12-20_10-04-06
Ӯ аз бад будани ҳолати равонии духтарон гуфтаст ва илова кардааст, ки ба ҷои он ки роҳгузарон ба ин духтарон кумак намоянд, баръакс таҳқир карда, мегӯянд, ки "Дар хонаҳотон шинен чо мекуна..."
Мо аз Толибон гила дорем боз!
Ин ҳодиса миёни мардум сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда, ҳамагӣ умедворанд, ки мақомоти марбута ба ин қазия бетараф наистода, гунаҳкорон ҷазои сазоворе хоҳанд гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД