Formula novemver 2024
ТЕЛЕФОН БАДНОМАМ КАРД
3441

       Медонед, дӯстони азиз, телефон ҳеҷ гоҳ паҳлӯи мусбат дошта наметавонад. Хусусан барои духтарон он воситае шудааст, ки дигар онҳо ниқоби шарму ҳаёро аз рӯ гирифтаанд. Вақте мебинем, як духтареро, ки дар кӯча тариқи телефон бо садои баланд ҳарф зада, бе ибо хандаҳои бемаънӣ мекунад ё бо банди дарозе онро ба гардан овехта, дар кӯчаҳо мегардад, ростӣ, хеле асабонӣ мегардам.

Маъзарат мехоҳам, аммо ин ҳақиқат аст. Магар ин аст назокату латофати бонуи тоҷик, ки худро зоҳиран шарқиёна меномад? Чӣ хуб буд, замоне, ки телефони мобилӣ вуҷуд надошт. Охир, бе ин ҳам зиндагӣ хуб мегузашт-ку? Ҳам хубтару беҳтар ба қадри ҳам мерасидему ҳам духтарон то андозае қадри худро медонистанд.

Банда низ боре “шатта”-и телефони мобилиро хӯрдаам, ки он барои як умр дар хотиротам чун доғи сиёҳ нақш бастааст. Ин ҳам ба таври тасодуф. Вале тасодуф ба сарам бало шуда омад, ки баъди ин воқеа ҳатто бо як дидани телефон аъзои баданам аз тарс ба ларза меояд.

Ба худ меандешам, ки чӣ гуна мани ба қавле инсони ҷиддиро ин восита чунин заиф сохт. Боре аз кӯча мегузаштам, ки як ҷавони ҳамдеҳаамон аз ман хоҳиш кард то як лаҳза биистам, бароям гуфтание дорад. Дар дилам ҳеҷ гумони баде надоштам, аз ин хотир, аз рӯйи эҳтиром истодам.

Ҷавон ба ман наздиктар шуду гуфт:

-Саодат, хоҳ бовар кунӣ, хоҳ не, дӯстат медорам. Хоҳиш дорам, ишқи маро беҷавоб нагузор. Ростӣ, ин ҷавонро, ки аз гуфтани номаш худдорӣ мекунам, дар деҳа ҳамчун як ҷавони беҳудагарду бемасъулият мешинохтанд. Азбаски хислаташро ман ҳам медонистам, дар ҷавобаш барқасд назди пояш туф карда гузаштам. Ва худ низ иқрор мешавам, ки гуноҳи аслиям ҳамин буд.

Дигар ба пасам нигоҳ накарда, роҳамро давом додам. Намедонам чӣ шуд, аммо аз қафо танҳо садояшро шунидам, ки мегуфт:

-Саодат, барои ин гуноҳат ҷавоб хоҳӣ дод!

Ба қавле ғурурам аз кори кардаам дучанд боло шуд, ки дигар оқибати ин корро фикр накарда, ба хона омадам. Аз миён як моҳ гузашт, аз ин воқеа дигар ёд ҳам наёвардам. Рӯзе телефони дастиам занг зад. Гӯширо бардоштам...

Ҷавонписаре бо лаҳни хело зебою шуниданӣ номи маро гирифта, салом дод. Баъди салом аз ман хоҳиш кард, ки ӯро дуруст фаҳмам, зеро ба гуфти худаш дӯстам медоштааст.

Ростӣ, сӯҳбати гуворо, ҳарфҳои бомаданият дар як лаҳза маро ба ӯ моил кард. Аз ин сабаб, аз ҷавон хоҳиш кардам, ки чанд лаҳзае имконам диҳад, то дар ин бора фикр бикунам. Ӯ низ “хуб” гӯён, гӯширо гузошт. Беҳуда нагуфтаанд, ки занро гӯшаш фиреб медиҳаду мардро чашмаш. Ман низ бо чанд ҳарфи ширин фирефта шудаму бо ҷавони ношинос сӯҳбатамро идома додам. Аз ин пас ман интизори зангҳои ӯ мешудам. Сӯҳбати ману ҷавони ношинос чанд вақт давом кард. Аз шиносоии телефониям ба дугонаи ҷониам қисса кардам.

Дугонаам маслиҳат дод, ки агар ҷавони боодобу фарҳангӣ бошад, пас сӯҳбатро давом диҳам, зеро зиёд нафарон маҳз бо ҳамин восита соҳиби оилаи обод ҳам шудаанд. Мани содда дар симои ҳамсӯҳбатам ҳамсари ояндаам, яъне бахтамро тасаввур мекардам. Чанде баъд дар деҳа овозае паҳн шуд, ки ҳамон ҷавони замоне ба ман изҳори муҳаббат карда бо як духтари деҳа сӯҳбат мекардаасту ҳамаи онро дар телефон сабт карда будааст. Лекин ҳаргиз гумон намекардам, ки ҳамаи он сабтҳоро ман қаҳрамонӣ кардаам.

Дар деҳа назди муллое сабақи динӣ мегирифтам. Он ҷавон сабтҳоро нахуст пеши он мулло бурдааст. Фардо барои дарсгирӣ рафта, аз он ҷо ронда шудам. Сипас сабти маро ба тамоми ҷавонони деҳа ба фурӯш мегузорад. Ба хонаи дугонаи наздикам, ки тамоми асрори диламро медонист, рафта, хостам ба ӯ дарди дил гӯям, аммо бародаронаш маро аз хонаашон пеш карда, дарро ба рӯям бастанд. Ин ҳама кам буд, ки сабти телефониро боз ба хонаи худамон оварда, ба падарам медиҳад. Падарам аз шунидани он фишори хунаш баланд мешавад. Сӯҳбати мо танҳо аз саволу ҷавоби оддӣ иборат буд, аммо он кифоя буд, ки барои як умр номам доғдор шавад. Ҳол он ки чунин сӯҳбатро танҳо ман не, дигарон ҳам мекунанд. Вале аз рӯйи нотавонбинии ин ҷавон назди баъзе тангбинон ва хешу ақрабо сияҳрӯ шудам.

Аз ин пас ба худ қасам хӯрдам, ки дар тамоми ҳаётам дигар телефони мобилиро ба даст намегирам. Аммо барои духтароне, ки тавассути телефон бо ҷавоне сӯҳбат мекунанд, саргузашти худро на ба хотири маслиҳат, балки барои минбаъд эҳтиёт буданашон қисса кардам.

                                                                              Саодат   

                                                                                                                             

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД