Sebiston new 2024 october
Театри Лоҳутӣ ва чойхонаи “Роҳат”-ро вайрон намекунанд!
751

 

 

Сару садоҳо дар боби он ки биноҳои дар хиёбони марказии пойтахт қарор дошта, аз ҷумла биноҳои таърихии Театри Лоҳутӣ ва чойхонаи овозадори “Роҳат”-ро вайрон мекунанд, ягон асос надоранд. Театри Лоҳутӣ ва чойхонаи”Роҳат” ҳамчун як пораи таърихи навини тоҷикон пойбарҷо хоҳанд монд. Дар ин бора Маҳмадсаид Зубайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ хабар додааст.

Маҳмадсаид Зубайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ имрӯз дар нишасти хабарӣ бо журналистон доир ба мавзӯи дигаргун гаштани чеҳраи пойтахт ва сохтмони биноҳои нав дар шаҳри Душанбе ибрози назар намуда, таъкид кард, ки овозаҳо дар бораи дар қатори дигар биноҳои дар хиёбони марказии шаҳр қарор дошта, вайрон карда шудани чойхонаи “Роҳат” ва бинои театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ асоси воқеъӣ надоранд.

Тавре ки раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегӯяд, дар ҳақиқат тибқи нақша аксари биноҳои хиёбони марказӣ, аз ҷумла биноҳое, ки дар шафати чойхонаи “Роҳат” қарор доранд, вайрон карда шуда, дар ҷойи онҳо бинои нави вазорати адлия ва гулгашт бунёд хоҳад гашт, вале худи бинои чойхонаи “Роҳат” ва театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ вайрон карда намешавад, зеро ин биноҳо таърихӣ ба шумор мераванд.

Зубайдзода мегӯяд дар қатори чйхонаи “Роҳат” ва театри Лоҳутӣ биноҳои Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ва Академияи улум низ вайрон карда намешаванд, чунки вайрон кардани ин биноҳо дар нақша нест ва аз ҳукумати шаҳр низ дар ин бора ягон дастур ё фармон содир нашудааст.

Сару садоҳо дар боби он ки биноҳои дар хиёбони марказии пойтахт қарор дошта, аз ҷумла биноҳои таърихии Театри Лоҳутӣ ва чойхонаи овозадори “Роҳат”-ро вайрон мекунанд, ягон асос надоранд. Театри Лоҳутӣ ва чойхонаи”Роҳат” ҳамчун як пораи таърихи навини тоҷикон пойбарҷо хоҳанд монд. Дар ин бора Маҳмадсаид Зубайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ хабар додааст.

Маҳмадсаид Зубайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ имрӯз дар нишасти хабарӣ бо журналистон доир ба мавзӯи дигаргун гаштани чеҳраи пойтахт ва сохтмони биноҳои нав дар шаҳри Душанбе ибрози назар намуда, таъкид кард, ки овозаҳо дар бораи дар қатори дигар биноҳои дар хиёбони марказии шаҳр қарор дошта, вайрон карда шудани чойхонаи “Роҳат” ва бинои театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ асоси воқеъӣ надоранд.

Тавре ки раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегӯяд, дар ҳақиқат тибқи нақша аксари биноҳои хиёбони марказӣ, аз ҷумла биноҳое, ки дар шафати чойхонаи “Роҳат” қарор доранд, вайрон карда шуда, дар ҷойи онҳо бинои нави вазорати адлия ва гулгашт бунёд хоҳад гашт, вале худи бинои чойхонаи “Роҳат” ва театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ вайрон карда намешавад, зеро ин биноҳо таърихӣ ба шумор мераванд.

Зубайдзода мегӯяд дар қатори чйхонаи “Роҳат” ва театри Лоҳутӣ биноҳои Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ва академияи улум низ вайрон карда намешаванд, чунки вайрон кардани ин биноҳо дар нақша нест ва аз ҳукумати шаҳр низ дар ин бора ягон дастур ё фармон содир нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД