Arzon march 2024
Таъзияи Раиси Кумитаи занон ба оилаҳои мотамзада
566

Имрӯз Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, пеш аз анҷом додани сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хонаводаи Ёровҳо барои баёни таъзия рафт.

Гуфта шудааст, ки ӯ оилаҳои ғамзада ва зарардидаи шаҳри Кӯлобро, ки бар асари садамаи фоҷиавӣ талафоти ҷонию молӣ диданд, аёдат намуд.

Ба иттилои ин ниҳод, пештар дар асоси дастури раиси Кумита бо мақсади дастгирии оилаҳои зарардида ва баёни таъзияи кулли модарони тоҷик ба оилаҳои ғамзада гурӯҳи кории Кумита ба шаҳри Кӯлоб сафарбар гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки шоми 6 август, соати 19:30дақиқа, воситаи нақлиёти тамғаи “Дулан” дар назди бозори «Сомониён»-и шаҳри Кӯлоб, бинобар сабаби аз кор баромадани тормозаш ба садама дучор гашта, якчанд воситаҳои нақлиётро пахш намуда, вориди ду манзили зисти шаҳрвандон гашт, ки дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст.

Баъди як рӯзи ин фоҷиаи мудҳиш ҳайати эҷодии сомонаи “Оила” барои ибрози ҳамдардӣ ва фаҳмидан ҳақиқати хабарҳои паҳншуда ба макони ҳодиса сафар намуда, бо оилаҳои ҷабрдида суҳбат намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД