Аз 25-ум то 27-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд Чемпионати Осиё оид ба ҷудо баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёӣ Тоҷикистонро 13 ҷудокор намояндагӣ мекунанд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар вазни то 60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов, дар вазни то 66 кг Обид Ҷебов, Эмомалии Нуралӣ, дар вазни то 73 кг Абубакр Шеров, дар вазни то 81 кг Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 90 кг Умедҷон Раҷабов, дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, дар вазни ҷамъи 100 кг Темур Раҳимов миёни мардон ва миёни бонувон дар вазни то 48 кг Аҳлия Муминова, дар вазни то 52 кг Мадина Қурбонзода, дар вазни то 57 кг Александра Кан ва дар вазни ҷамъи 78 кг Виктория Киселёва кишвари моро муаррифӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло бо мақсади омодагӣ ба Чемпионати Осиё ва Гранд Слами Душанбе дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон аз 26-уми март то 12-уми апрел дар ҷамъомади байналмилалии таълимӣ-тамринӣ дар шаҳри Осакаи Ҷопон қарор дорад.
10 ҷудокори умедбахши кишвар дар муҳити пурмасъулияти ҷудои ҷопонӣ таҷриба меандӯзанд, маҳорати худро сайқал медиҳанд ва бо беҳтарин варзишгарони ҷаҳон қувваозмоӣ мекунанд.