Тағйироти кадрӣ:
Кӣ омаду кӣ аз вазифа рафт?
Имрӯз дар як қатор вазорату идораҳои кишвар тағйиороти кадрӣ сурат гирифт.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Асо, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон “бо сабаби ба нафақа баромадан” озод карда шуда, Исмоил Вализода, ки то ин дам муовини сардори Саридораи геология буд, ба ин вазифа таъин гашт.
Вализода Исмоил Султон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.
Бобозода Фаридун Толиб муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Ҳакимзода Асадулло Қурбон аз вазифаи муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, муовини аввали вазири адлия таъин гардид. Шарифзода Шарофиддин Ҳикматулло муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.