Дар Вазорати мудофиа тағйироти кадрӣ ба амал омада, Шералӣ Мирзо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири мудофиаи Тоҷикистон озод ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим соли 1972 ба дунё омада, соли 1993 Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон ва соли 2001 Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россияро хатм намудааст. Аз моҳи ноябри соли 2015 муовини якуми вазири мудофиа ва сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2012 рутбаи генерал-майор ва соли 2018 генерал-лейтенантро гирифтааст.
Собиқ вазири мудофиа Шералӣ Мирзо сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.