Тибқи тағйироти кадрӣ дар сохторҳои Ҳукумати кишвар Зулфия Давлатзода аз курсии вазири фарҳанг барканор гардида, Матлубахон Сатториён вазири нави фарҳанг муаррифӣ шуд.
Сатториён то ин замон муовини Сарвазир буд. Мақом нави Двлатзода ҳанӯз маълум нест.
Тибқи иттилои манобеи "Оила" тағйирот идома дорад. Бо расидани иттилои тоза аз он хабар хоҳем дод.
Матлубахон Сатториён, солҳои 2008-2011- раиси бахши кор бо занон ва оила дар вилояти Суғд, солҳои 2011-2014-Раиси шаҳри Истиқлол ва баъдан раиси шаҳри Гулистон буд.
15- декабри соли 2018 раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ дар вилояти Суғд таъйин шуд.
Аз 3 ноябри соли 2020 дар вазифаи Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.
Матлубахон Сатториён оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.