Имрӯз дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон таъин гардид.
То омадани Абдулзода дар ин мақом Ғазалшо Сафарзода фаъолият дошт. Ӯ пештар аз ин роҳбари Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор буд. Ҳоло маълум нест, ки ӯ ба кадом вазифа таъйин шудааст.
Зиёдулло Абдулзода то расидан ба ин вазифа муовини вазири маориф буд ва дирӯз бо як қарори Ҳукумати кишвар аз мақом озод шуд. Ба ҷойи ӯ каси дигар ба курсии муовини вазир нанишаст.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Диловар Пирзода низ аз вазифа озод шудааст. Пирзода дирӯз бо қарори дигари ҳукумат муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин шуд. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи ӯ кӣ дар Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон раис таъин шудааст.