Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар як қатор идораҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.
Аз ҷумла Бег Сабур бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Хадамоти алоқа озод карда шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Исфандиёри Саъдулло 15-уми майи соли 1990 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 2012 Академияи миллии алоқаи ба номи А. С. Попови шаҳри Одессаро хатм намудааст. Аз моҳи июни соли 2015 дар вазифаи муовини аввали директори генералии ҶСК «Телерадиоком»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.