Дар пайи иваз шудани сармураббии тими миллӣ ва чанде аз бошгоҳҳои кишвар бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе ҳам сармураббии худро иваз кард.
Никола Лазаревич, мутахассиси 46-солаи сербӣ акнун бозингарони душанбегиро ба ҷойи Черевченко тамрин медиҳад. Муҳлати шартномаи ҳамкорӣ бо мураббӣ як солро дар бар мегирад. Лазаревич дар ин маснад Черевченкоро иваз кард, ки дастаи шаҳри Душанберо дар мавсими гузашта тамрин медод.
Роҳбарияти тим бо тавсияи сармураббии нав ба ӯ ёрдамчиёнашро низ таъин намуд. Инҳо ҳамватанони Лазаревич - Предраг Пешич ва Ҷорҷи Коралич мебошанд. Ҳамчунин Лазаревичро дар “Истиқлол” собиқ сарвони даста Дилшод Восиев кумак хоҳад кард. Корашро бо дарвозабонҳо мутахассиси рус Дмитрий Тяпушкин идома медиҳад.
Никола Лазаревич 29-уми январи соли 1978 дар Сербия таваллуд шуда, дорандаи литсензияи мураббигии Pro мебошад. Ӯ ҳамчун мураббӣ дар клубҳои “Раднички” (Сербия), “Шенжен”, БСУ (ҳарду Чин), “Ал-Таавун” (Арабистони Саудӣ) ва КФ “Кизилқум”-и Ӯзбекистон фаъолият кардааст.
Илова бар ин, Лазаревич солҳои пеш дар "Истиқлол" ва мунтахаби миллии Тоҷикистон вазифаи мураббии омодагии ҷисмониро иҷро мекард.
Баъди таъини сармураббии нав дар ҳайати даста низ тағйирот ворид шуд. Ҳимоятгари канори рост аз Сербия Славко Лукич бозингари навбатии «Истиқлол» дар равзанаи гузариши кунунӣ гардид. Футболбоз қабл аз гузариш ба «Истиқлол» дар “Насаф”, “Қӯқанд-1912” ва “Навбаҳор”-и Ӯзбекистон бозӣ кардааст.
Ҳимоятгари пуртаҷрибаи украинӣ Алексей Ларин низ пироҳани «Истиқлол»-ро ба бар мекунад. Ӯ, ки дар хати маркази ҳимоя бозӣ мекунад, ба «Истиклол» баргашт. Ларин дар мавсимҳои 2019-2021 дар «Истиқлол» ҳунарнамоӣ намуда, сипас дар чемпионати Ӯзбекистон дар ҳайати «Пахтакор» ва “Нефтчӣ” фаъолияти худро идома дода буд.
Ҳамлагари ҷавон Рустам Соиров низ, ки ду мавсими охир дар чемпионатҳои Эстония ва Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекард, ба «Истиқлол» баргашт. Ӯ ин рӯзҳо дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Қатар қарор дорад.
Созишномаи ҳамкорӣ миёни даста ва футболбоз то охири мавсими 2025 ба имзо расонида шуд. Рустам Соиров қаблан дар «Истиқлол» дар мавсимҳои 2020-2022 баромад намуда, дар 46 бозӣ 26 гол задааст.