1xbet
Тайёрӣ ба даъвати ҳарбии тирамоҳӣ оғоз шуд
61

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тайёриро ба даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз намудааст. Бо ин мақсад дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон чорабиниҳои пешаздаъватӣ гузаронида мешаванд.

Тавре маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиа хабар додааст, иқдоми мазкур бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо зимни даъвати ҳарбии тирамоҳӣ ва ташкили кори пурсамари комиссияҳои даъватӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар ҷаласаи мушовараи вазорат пеш аз муҳлат иҷро шудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ҷониби масъулини вазорат чун пайки хуби афзоиши ҳисси баланди масъулиятшиносии ҷавонон ва волидони онҳо барои ҳимояи марзу буми киршвар арзёбӣ гаштааст.

Гуфта мешавад, ки зимни ҷаласа ба масъалаи интизоми ҳарбӣ ва пешгирии ҷинояткорию кирдорҳои коррупсионӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода шудааст.

Эмомалӣ Собирзода, вазири мудофиаи кишвар аз хидматчиёни ҳарбӣ тақозо кардааст, ки ҳушёр бошанд ва вазифаи муқаддаси худро дар ҳифзи кишвар ва сокинони он бо сари баланд иҷро намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД