Arzon march 2024
Тавлиди писар дар хоб чӣ таъбир дорад?
3025

Дишаб хоби аҷибе дидам. Дар хобам ҳамсарам писар таваллуд кардаасту шодию хурсандии ман интиҳо надошт. Аз хурсандии зиёд мехостам рақс кунам. Бисёр мехоҳам донам, ки тавлиди писар дар хоб чӣ таъбир дорад?

Насрулло, сокини шаҳри Душанбе

Дар хобномаҳо омадааст, ки тавлиди писар дар хоб нишонаи амалӣ гаштани орзуҳои шахси хобдида мебошад.

Мард хоб бинад, ки соҳиби писар шудааст, дар ягон бозии бурднок маблағи калон бурд мекунад ё ягон одами наздикаш ба ӯ чизи хеле гаронбаҳоеро мерос мегузорад.

Духтар ё зани ҷавони танҳо хоб бинад, ки писар таваллуд кардааст, дари бахташ кушода шуда, ба марде ба шавҳар мебарояд, ки то охири умр бо ӯ зиндагӣ карда, ҳамеша нисбаташ ғамхору меҳрубон мемонад.

Дар маҷмуъ тавлиди тифл, махсусан писар дар хоб бисёр хуб буда, аз амалӣ гаштани орзуҳои шахси хобдида, ба даст овардани даромади калони пулӣ, ба мерос гирифтани ягон чизи хеле қиматбаҳо, анҷоми мушкилиҳои ҳаёт ва оғози зиндагии тозаи серу пур, кушода шудани дари бахт ё вохӯрӣ бо ягон инсони неке, ки ҳаёти шуморо тағйир дода метавонад, дарак медиҳад. Тавлиди писар дар хоб рамзи хушбахтӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
САЛОМ 2023-08-23, 12:23
САЛОМ ВА ДАР ХОБАМ ХОЧАТХОНА ХОБ МЕБИНАМ ГОҲ ДАР ХОЧАТ ХОНА МЕГАЛТАМ ТАИ ГУ МЕШАВАМ.ВА ХОБИ МАРО ЧАОБ ДИҲЕН
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
САЛОМ 2023-08-23, 12:23
САЛОМ ВА ДАР ХОБАМ ХОЧАТХОНА ХОБ МЕБИНАМ ГОҲ ДАР ХОЧАТ ХОНА МЕГАЛТАМ ТАИ ГУ МЕШАВАМ.ВА ХОБИ МАРО ЧАОБ ДИҲЕН
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД