Тақвими чорабиниҳои наврӯзӣ дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе тасдиқ шуда, дар ин хусус қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабул шудааст.
Бино ба иттилои шаҳрдорӣ, дар асоси тақвими мазкур дар рӯзҳои баргузории Иди байналмилалии Наврӯз дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе чандин чорабиниҳои идона баргузор мегарданд.
Аз ҷумла баргузор намудани Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», маросими истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз аз баландтарин мавзеи шаҳри Душанбе, консерти идона бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе - 2025», Фестивали «Таомҳои миллӣ», Фестивали «Бозиҳои варзишии наврӯзӣ», Фестивали дӯстии ҷавонони пойтахт таҳти унвони «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ», Мусобиқаи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» ва Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои пойтахт низ бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз чорабиниҳои идона доир мегарданд.