Formula novemver 2024
Тавбаи зани дуюм
2239


Саломи худро ба бонувон ва ҳаводорони ҳафтанома мерасонам. Ман аслан зидди он ҳастам, ки нафаре сиру асрори хонаводагияшро барорад, вале мақсади ман ҳамин аст, ки мехоҳам қиссаи зиндагиям барои дигар духтарон дарси ибрат шавад.

Дар вақташ ман духтари соҳибмаълумот будам, дари хонаамон аз хостгор пур буд. Азбаски кори хубу сердаромад (ба ҳайси муҳосиб дар як ширкати тиҷоратӣ кор мекардам) доштам, шавҳар кардан намехостам. Вақте синну солам ба 25 солагӣ расид, марди зандоре дар ҳаётам пайдо шуд. Ростӣ, ӯро бо тамоми ҳастиам дӯст доштам. Бе ӯ лаҳзае худро тасаввур карда наметавонистам. Ҳаётам, тамоми ҳастиам танҳо ҳамин мард буд. Дӯстдоштаам аз ҳамсари якумаш пинҳонӣ ба хонаи мо хостгор фиристод. Падару модарам барои зани дуюм шудани ман комилан зид буданд, вале пофишории маро дида, ноилоҷ розӣ шуданд. Шавҳаршавандаам маблағи калон оварда, ба дасти падарам дод. Тӯйи бошукуҳи мо дар тарабхона бе иштироки домод баргузор гардид. Ман он лаҳзаҳо худро чунон хушбахт ҳис мекардам, ки парвои гапу калочаи мардумро надоштам. Шавҳарам ба номи ман хонаи алоҳида харида буд ва зиндагии муштаракамонро дар ҳамон ҷо оғоз намудем.

Се соли аввали зиндагиам хеле хушу гуворо гузашт. Шавҳарам аксаран бо ман буд. Ҳамеша гумон мекардам, ки шояд завҷаи якуми шавҳарам ягон зани безебу нокора аст. Ё шояд ягон феъли бад дораду шавҳараш аз ӯ дилмонда шудааст. Бо чунин фикрҳо ҳамеша худро тасаллӣ медодам. Аммо вақте, ки акси зани ӯро бо писаронаш дидам, ҳуш аз сарам парид. Зани якуми шавҳарам чунин зебо буд, ки бо диданаш чанд муддат чашм аз акс канда натавонистам. Бар замми ҳусну малоҳати нотакрор доштанаш палонҷам боз дар беморхона ба ҳайси табиби гӯшу бинӣ кор мекардааст. Баъди дидани акси ӯ маро сабру қарор аз даст рафт, хеле мехостам ин занро аз наздик дида, ҳамроҳаш ҳамсуҳбат шавам. Баъди андешарониҳои зиёд илоҷи корро пайдо намудам. Як рӯз баҳона кофта, бо баҳонаи гӯшдард ба утоқи кории зани якуми шавҳарам рафтам. Ин қадар зани зебову тозаву озода ва хоксору ширинзабонро бори аввалмедидам. Воқеан Худованд занро ҳамин қадар хоксору зебо меофарад...
Шояд зани дигар мешуд, рашк мекард, вале ман рашк накардам, баръакс дилам ба ӯ сухт. Охир, палонҷам ягон айб надошт, ки шавҳарам болои ӯ зан гирад. Хоксориву ширинзабонияш бошад, ҳар бинандаро мафтун месохт. Баъди чанд маротиба ба назди палонҷам рафтан аз шавҳарам пинҳонӣ бо ин зан дугона шудам. Акнун мо мисли дугонаҳо дар бораи зиндагӣ ва шавҳарони худ ба якдигар нақл мекардем. Аз нақли палонҷам фаҳмидам, ки шавҳарашро хеле дӯст медорад. Вақте нигоҳи ӯро дар мавриди дузанагии мардон пурсон шудам,палонҷам гуфт, ки агар Худо накарда, хиёнати шавҳарашро фаҳмад, худашро оташ мезанад. Ман акнун фаҳмидам, ки чаро шавҳарам аз занаш пинҳонӣ маро гирифта будааст. Шабе ба шавҳарам суол додам, ки ту кадоме аз моро бештар дӯст медорӣ, шавҳарам дар ҷавоб гуфт, ки ҳардуятонро.

Фируза редактор тсел, [03.06.2022 14:37]
Мо чандин сол зиндагӣ кардем, вале аз ман фарзанд нашуд. Ҳарчанд табобати зиёду даводав кардам, вале бефоида. Гӯё Худованд барои бахти ин занро ду нима карданам ба ман ҷазои бефарзандиро муқаррар карда буд. Ман ҳамеша барои бе фарзанд буданам ғусса мехурдам, аммо шавҳарам бо ман ҳамоно меҳрубон буду заррае дӯстдориашро дареғ намедошт. Аз ӯ тавалло мекардам, ки ақаллан писари хурдиашро гоҳ-гоҳ ба хона биёрад, шавҳарам розӣ намешуд. Баъди 15 соли зиндагии муштаракрӯзе шавҳарам дар ағба ба садама дучор шуду ба халокат расид. Ба ман ин хабари шумро як дӯсти наздикаш, ки аз зани дуввум гирифтани шавҳарам бохабар буд, тавассути паёмак расонид. Ҳарчанд барои шавҳарам дилхун гаштам, вале ҷуръат надоштам, ки ба хонаи онҳо барои таъзия равам. Билохира ҳарчӣ бодо бод гӯён, либоси сиёҳ пушида, гирёну нолон ба хонаи онҳо ба ҷаноза рафтам. Касе маро дар ин хона намешинохт. Зани якуми шавҳарам сари ҷасади ӯ нишаста “вой дадаш, вой такягоҳам” гуфта нолиш мекард, ман бошам, бо рӯймол даҳонамро пушида гиря мекардам, то касе пайхас накунад, ки чӣ қадар сахт месӯзам. Дарун ба дарун месӯхтам, вале гиряи худро пинҳон мекардам. Бори аввал дар ҷанозаи шавҳарам падару модарашро дидам, ки бо келини якумашон ҳамоғӯш нола доштанд. Ман бошам,дар қатори ношиносу бегонаҳо нишаста, бо дили ларзон метарсидам, ки баногаҳ маро шиносанду ягон гапи таҳқиромез бигӯянд. Дар рӯзи марги шавҳарам бори аввал барои зани дуюм буданам худро зору ҳақир эҳсос кардам. Танҳо дар ҳамин лаҳзаҳо эҳсос кардам, ки чӣ иштибоҳи бузурге будааст зани дуввум шудан. Ман ҳатто натавонистам назди мурдаи шавҳарам нишаста, бори охир ӯро бубинаму мисли дигар наздиконаш ӯро ба хонаи охират гусел намоям. Ман як бегона будам, нафаре будам, ки ҳатто натавонистам гардани хушдоманамро гирифта, навҳа кашам. Хеле дарднок буд, ҳолати онрӯзаи маро танҳо худам медонаму Худо.
Имрӯз ман танҳоям, ҳатто ба маъракаҳои худоиву ҳафту чили шавҳарам рафта натавонистам. Акнун, аз кори дар ҷавонӣ кардаи худ сахт пушаймонам, вале оби рехтаро дигар бардошта намешавад. Хоҳарони зебову ҷавон! Аз шумо хоҳиш дорам, ҳаргиз хатои маро такрор накунед. Вагарна як умр дар оташи рашку ҳасрат сӯхта хокистар мешавед. Ман сахт пушаймонам, аз он ки бахти занеро ним кардаму аз он ки имрӯз бе касу танҳоям танҳо худам гунаҳкорам. Бори дигар хоҳиш мекунам, хатои маро такрор накунед. Ному насабамро пурра навиштан намехоҳам, зеро намехоҳам нафаре ба ҷароҳати қалбам намак пошад. Худо нигаҳбонатон.
Н., аз шаҳри Душанбе
Таҳияи Шаҳло

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД