Вақтҳои охир шумораи ҷавонмардони нашъаманд дар кишвари мо зиёд шудааст. Ман мехостам уламо шахсонеро, ки маводи мухаддир истеъмол мекунанд, насиҳате кунанд, зеро сухани эшон таъсирбахш аст. Мегуфтед, ки дини мубини ислом ба аҳли нашъа ва нашъамандӣ чӣ назар дорад?
САВРИНИСО, ш. Душанбе
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Чӣ гуна лоиқ аст, инсоне, ки Худованд ба ӯ ақл инъом намудааст ва аз бисёри махлуқоташ бартараш гардондааст, худро ба ин сатҳи поён расонида, чизеро истеъмол намояд, ки ақлашро аз байн барад. Фарқ надорад, ки он маводи масткунанда бошад ва ё маводи мухаддир.
Маводи мухаддир адовату кинаро дар байни мардум эҷод мекунад, аз ёди Худо ва аз намоз бозмедорад ва ба зино мекашонад. Ғайрату нангу номусро дур мекунад, хорию пушаймонию расвогиро ба бор меорад ва шахси муътодро ба навъи мардуми ноқис мепайвандад. Онҳо дар асл девонагонанд ва барои онҳо куштани касе ва ё ошкор кардани сирре, ки барояшон зарар дорад, осон аст.
Дуо мекунем, ки нафарони муътоду шаробхор ҳарчи зудтар аз асорати маводи мухаддир ва машрубот озод шаванд. Ба Худо паноҳ баред, тавба кунед ва аз маводҳои зараровар канорҷӯйӣ кунед!