Насӯҳ марде буд, ки ба занҳо шабоҳат дошт - садояш нозук, рӯяш бемӯй ва андомаш занона буд. Ӯ марди шаҳватпараст буд ва бо сӯйистифода аз зоҳири худ дар ҳаммоми занона кор мекард ва касе аз ҳолати аслии ӯ хабар надошт. Ӯ аз ин роҳ ҳам рӯзгорашро мегузаронд ва ҳам шаҳваташро қонеъ месохт.
Гарчанде чандин бор ба ҳукми виҷдон тавба карда буд, аммо ҳар бор тавбаашро мешикаст.
Ӯ даллоки ҳаммоми занона буд. Овозаи тозакорӣ ва чолокии ӯ ба гӯши ҳама расида буд ва занону духтарон, ҳамчунин мардони давлатманду ашрофзода дӯст медоштанд, ки маҳз ӯ онҳоро даллокӣ кунад, ҳатто пешакӣ аз ӯ вақт мегирифтанд.
Рӯзе дар қасри шоҳ сухан аз ӯ ба миён омад. Духтари шоҳ ба ҳаммом рафт ва машғули оббозӣ шуд.
Аз қазо, зевари гаронбаҳои духтари подшоҳ дар он ҳаммом гум шуд. Аз ин ҳодиса духтари подшоҳ ба хашм омад ва амр дод, ки ҳамаи коргаронро тафтиш кунанд, то шояд он зевари арзишманд пайдо шавад.
Коргаронро яке пас аз дигаре кофтукоб карданд, то навбат ба Насӯҳ расид. Ӯ аз тарси расвоӣ ҳозир нашуд, ки тафтишаш кунанд. Ҳар сӯе, ки барои дастгирии ӯ мерафтанд, ӯ ба тарафи дигар мегурехт…
Ин рафтори ӯ гумони дуздиро нисбат ба вай қавитар мекард, бинобар ин маъмурон барои дастгир карданаш бештар кӯшиш мекарданд. Насӯҳ низ ягона роҳи наҷотро дар ин дид, ки худро дар миёни хазинаи ҳаммом пинҳон кунад. Ноилоҷ ба даруни хазина даромад ва ҳамин ки дид маъмурон барои гирифтани ӯ ба хазина меоянд ва дигар кораш аз кор гузаштаасту наздик ба расво шудан аст, ба Худои Таоло рӯй овард ва бо ихлос тавба кард. Баданаш мисли бед меларзид, бо тамоми вуҷудаш ва бо дили шикаста гуфт:
«Худовандо, гарчи борҳо тавбаамро шикастам, аммо туро ба мақоми Сатторият савганд, ин бор низ амали қабеҳамро бипӯшон, то аз ин пас гирди ҳеҷ гуноҳе нагардам».
Насӯҳ аз таҳти дил тавбаи ҳақиқӣ кард.
Ногоҳ аз беруни ҳаммом овозе баланд шуд, ки: «Даст аз ин бечора бардоред, зевар пайдо шуд!» Пас аз ӯ даст кашиданд. Насӯҳ хаста ва нолон шукри Худоро ба ҷо овард, аз хизмати духтари шоҳ рухсат гирифт ва ба хонаи худ рафт.
Ӯ лутфу инояти Парвардигорро бо чашми худ дид. Аз ҳамин сабаб бар тавбааш устувор монд ва фавран аз он кор канора гирифт.
Чанд рӯзе аз ғоиб шудани ӯ дар ҳаммом нагузашта буд, ки духтари шоҳ ӯро боз ба кор дар ҳаммоми занона даъват кард, аммо Насӯҳ ҷавоб дод, ки дастам захмӣ шудааст ва қодир ба даллокӣ ва мушту мол нестам, ва дигар ҳам нарафт. Ҳар миқдор моле, ки аз он кор ба даст оварда буд, дар роҳи Худо ба фақирон дод. Азбаски занони шаҳр аз ӯ дастбардор набуданд, дигар наметавонист дар он шаҳр бимонад ва аз тарафи дигар, наметавонист рози худро ба касе ошкор созад. Ноилоҷ аз шаҳр хориҷ шуд ва дар кӯҳе, ки чанд фарсанг дуртар аз он шаҳр буд, иқомат ихтиёр намуда, ба ибодати Худо машғул гардид.
Шабе дар хоб дид, ки касе ба ӯ мегӯяд: «Эй Насӯҳ! Ту чӣ гуна тавба кардаӣ, дар ҳоле ки гӯшт ва пӯсти ту аз амали ҳаром рӯида шудааст? Ту бояд чунон тавба кунӣ, ки гӯштҳои ҳаром аз баданат бирезад». Ҳамин ки аз хоб бедор шуд, бо худ қарор гузошт, ки сангҳои сангин бардорад, то гӯштҳои ҳароми танаш об шаванд.
Насӯҳ ин барномаро пайваста иҷро мекард, то рӯзе ҳангоми кор чашмаш ба гӯсфанде афтод, ки дар он кӯҳ мечарид. Аз ин ҳолат ба андеша фурӯ рафт, ки ин гӯсфанд аз куҷо омада ва моли кист?
Ниҳоят бо худ андешид, ки ин гӯсфанд, албатта, аз назди чӯпоне гурехта ва ба ин ҷо омадааст, бояд ман онро нигоҳубин кунам, то соҳибаш пайдо шавад. Пас гӯсфандро гирифт ва нигоҳ дошт. Хулоса, гӯсфанд зоймон кард ва Насӯҳ аз шири он баҳраманд мешуд.
Як рӯз корвоне, ки роҳро гум карда буд ва мардумаш аз ташнагӣ ба ҳалокат наздик шуда буданд, аз он ҷо гузаштанд. Ҳамин ки Насӯҳро диданд, аз ӯ об хостанд, аммо ӯ ба ҷойи об ба онҳо шир медод, ба тавре ки ҳамагӣ сер шуданд. Он гоҳ роҳи шаҳрро аз ӯ пурсиданд.
Ӯ роҳи наздикеро ба онҳо нишон дод. Ҳангоми ҳаракат, ҳар яке аз онҳо ба Насӯҳ эҳсон кард. Насӯҳ дар он ҷо қалъае бино намуд, чоҳи обе кофт ва кам-кам дар он ҷо хонаҳо сохт ва шаҳракеро бунёд кард. Мардум аз ҳар ҷо ба он макон омада, сукунат ихтиёр намуданд ва ҳамагӣ ба ӯ бо чашми бузургӣ ва эҳтиром менигаристанд.
Оҳиста-оҳиста овозаи некномӣ ва ҳусни тадбири ӯ ба гӯши подшоҳи он давр расид, ки падари ҳамон духтар буд. Подшоҳ аз шунидани ин хабар муштоқи дидори ӯ шуд ва амр дод, ки аз номи ӯ Насӯҳро ба дарбор даъват кунанд. Вақте даъвати шоҳ ба Насӯҳ расид, напазируфт ва гуфт: «Ман коре бо дарбори шоҳ надорам ва ҳоҷате ҳам нест», ва аз рафтан назди султон узр хост.
Вақте маъмурон ин суханро ба подшоҳ расониданд, шоҳ бисёр тааҷҷуб кард ва гуфт: «Ҳол ки ӯ назди мо намеояд, мо меравем ӯро бубинем». Пас бо дарбориёнаш ба сӯи Насӯҳ ҳаракат кард. Ҳамин ки ба он макон расид, ба Азроил амр шуд, ки ҷони подшоҳро бигирад, пас подшоҳ дар ҳамон ҷо сакта кард ва фавтид.
Насӯҳ чун огоҳ шуд, ки подшоҳ барои дидор ва мулоқоти ӯ омада буд, дар маросими ташйеи ӯ ширкат кард ва ҳамон ҷо монд, то подшоҳро ба хок супориданд. Азбаски подшоҳ писаре надошт, аркони давлат маслиҳат диданд, ки Насӯҳро ба тахти салтанат биншонанд. Ҳамин тавр карданд.
Насӯҳ чун ба подшоҳӣ расид, басоти адолатро дар тамоми қаламрави мамлакати худ густаронид ва баъд бо ҳамон духтари подшоҳ издивоҷ кард. Вақте шаби зифофу тӯй фаро расид, ӯ дар боргоҳаш нишаста буд, ки ногаҳон шахсе ворид шуд ва гуфт: «Чанд сол пеш, гӯсфанди ман гум шуда буд ва акнун онро назди ту ёфтам. Моли маро ба ман баргардон».
Насӯҳ гуфт: «Дуруст аст», ва амр дод, то гӯсфандро ба ӯ диҳанд. Он шахс гуфт: «Чун гӯсфанди маро нигаҳбонӣ кардаӣ, ҳар чӣ аз манфиатҳои он истифода кардаӣ, бар ту ҳалол аст, вале бояд он чи боқӣ мондааст, бо ман нисф кунӣ».
Насӯҳ гуфт: «Дуруст аст», ва амр дод, то тамоми амволи манқул ва ғайриманқулро бо ӯ нисф кунанд. Он шахс гуфт: «Бидон, эй Насӯҳ, на ман чӯпон ҳастам ва на он гӯсфанд, балки мо ду фаришта ҳастем, ки барои озмоиши ту омада будем. Тамоми ин мулк ва неъмат подоши тавбаи ростин ва содиқонаи ту буд, бар ту ҳалол ва гуворо бод». Ва аз назараш ғайб зад.
ХУЛОСА:
Мавлоно дар ин қисса мегӯяд, ки ҳар касе рӯҳ ва дилро пок мекунад ва ба Худо рӯ оварда, гуноҳро тарк мекунад, ӯ на танҳо худро наҷот медиҳад, балки зиндагӣ ва ояндаи худ ва дигаронро низ рӯшан месозад.