sebiston july new
Таваҷҷуҳ ба имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содирот
30.09.2024
ОИЛА.ТҶ
358

Тоҷикистон ба сохтмони марказҳои агрологистикӣ, ташкили лоиҳаҳои нав, пешгирии тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва ба он мутобиқ намудани зироатҳо, имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содирот таваҷҷуҳ дорад.

Бино ба иттилои Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон, ин нукта зимни як вохӯрии муовини вазир Нигина Анварӣ бо Холгер Крей - менеҷер оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва амнияти озуқавории Бонки Ҷаҳонӣ барои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ баён гардидааст.

Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ба намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва амалисозии лоиҳаҳои минбаъда изҳори сипос намудааст.

Холгер Крей - менеҷер оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва амнияти озуқавории Бонки Ҷаҳонӣ барои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳавасмандии Бонки Ҷаҳониро ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳаҳову барномаҳо таъкид кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД