Дар нимсолаи аввали соли 2024 бақайдгирии таваллуд дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5% зиёд шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, сарвари Агентии омори назди президент иттилоъ дод.
Нурмаҳмадзода гуфт, ки ба ғайр аз Кӯҳистони Бадахшон дигар дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон таваллуди кӯдакон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Афзоиши табиии аҳолӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 дар қиёс бо соли гузашта тибқи омор 8%-ро ташкил медиҳад.