Солҳои охир занону духтарони тоҷик ба хотири зеботар шудан аз усулҳои нави замонавӣ истифода бурда, линза мемонанд, миҷгони сунъӣ мечаспонанд, абрӯвонашонро татуаж мекунанд. Ман ҳам мехоҳам абрӯвонамро татуаж кунам, вале модарам мегӯянд, ки ин корро накун, ки гуноҳи азим аст, ба дӯзах меафтӣ. Оё татуаж кардан дар ҳақиқат гуноҳ аст?
МИҶГОНА, шаҳри Душанбе
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Сурату сирати ҳамаи мову шуморо наққоши азал, яъне Аллоҳ Таоллоҳ офаридааст. Азбаски одамизод офаридаи Худованди бузург ва қодиру тавоно аст, набояд аз ҳусну ҷамоле, ки Парвардигори олам ба ӯ ато кардааст, ношукрӣ карда, чеҳраи худро дигаргун созад. Бидуни зарурат, яъне агар ягон нуқсони ба саломатӣ зараровар набошад, инсон набояд бо роҳи ҷарроҳии пластикӣ ё усулҳои дигар чеҳраи худро, чашму абрӯи худро, лабу даҳони худро тағйир диҳад.
Дар дини мубини ислом натанҳо татуажу ботекс, балки ҳатто чидани қош барои занони мусалмон гуноҳ ва мамнуъ аст, чунки Пайғамбарамон (с) чунин касонро лаънат кардаанд.
Хоҳари азиз, шумо ҷавон будаед. Ҷавонӣ худаш зебоӣ аст. Ба ҷойи ба чунин амалҳои нораво пул сарф кардан, ягон ҳунарро омӯзед, беҳтар аст.