Бо мақсади коҳиш додани сатҳи вазнинии оқибатҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва баланд бардоштани сатҳи истифодаи тасмаи бехатарӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ чорабинии мақсаднок таҳти унвони «Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумост» оғоз ёфт, ки то 10-уми апрели соли ҷорӣ амалӣ карда мешавад.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, таҳлили садамаҳои нақлиётӣ нишон медиҳанд, ки дар бештари маврид ронандагону мусофирон аз тасмаи бехатарӣ истифода намекунанд, ки дар натиҷа бо оқибатҳои вазнин анҷом меёбад.
Вобаста ба ин, аз ҷониби Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе низ нақша-чорабиниҳои дахлдор таҳия гардида, дар ҳудуди пойтахт рейду амалиётҳои санҷишӣ гузаронида мешаванд.
Аз ронандагону мусофирон хоҳиш карда шудааст, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намуда, пеш аз ҳама бехатарии худро таъмин намоянд.