Covid-19! Вирусе, ки вазъияти дунёро дигар карду миллионҳоро аз ҷойи кор маҳрум сохт. Теъдоди зиёд гирифтори он шуда, саломатии худро пурра ва ё қисман аз даст доданд. Вирус тавонист дар муддати кӯтоҳ оламро чарх занад. Ҳамарӯза ин бемории маргбор ҷни ҳазорон-ҳазор одамонро дар гӯшаву канори гуногуни олам бераҳмона мерабуд. Роҳҳо баста шуда, парвозҳо қатъ гардиданд. Вазъи иқтисодии ҷаҳон хароб шуда, табаддулоти ҷиддӣ ба вуҷуд омад.
Қаблан зиндагии аксари мардуми Тоҷикистон бештар туфайли муҳоҷирони меҳнатӣ ва муҳоҷират пеш мерафт, вале дар давраи пандемия худи муҳоҷирон ба як пора нон мӯҳтоҷ гаштанд.
Пандемия ба зиндагии муҳоҷирон ва оилаҳи онҳо чӣ таъсир гузошт?
Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мо бо пайвандони муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳамсӯҳбат гаштем.
Мирзошариф, муҳоҷир:
Тағоҳоям дар давраи пандемия ҷони маро хариданд
Ман зодаи ноҳияи Айнӣ мебошам. Чанд сол боз ба муҳоҷират рафта меоям. Дар давраи пандемия низ дар Русия будам. Ҳамагӣ ду-се рӯз қабл бо воситаи ҳавопаймои Чартерӣ ба Тоҷикистон баргаштам. Ростӣ, аҳли хонаводаамро хеле пазмон гашта будам. Аз он ки дар ин давраи вазнин натавонистам ба падару модар ва зану кӯдаконам ёрӣ расонам, дар он ҷо худамро дарун ба дарун мехӯрдам, аммо ягон чора надоштам. Ду тағоям дар Русия зиндагӣ мекунанд ва шаҳрвандии ин кишварро доранд. Онҳо дар давраи пандемия ба қадри тавонашон маро дастгирӣ карда маблағи иҷорапулиамро пардохта намуданду бо хӯрду хӯрок таъмин карданд, вагарна худо медонад ҳолам чӣ мешуд.
Дар давраи пандемия ҳам муҳоҷирон ва ҳам аҳли хонаводаашон сахт азоб кашиданд. Бачаҳои муҳоҷире, ки ҳамроҳи ман кор мекарданд, мудом “падару модар ва зану кӯдаконамон чи мехӯрда бошанд” гӯён, азоби рӯҳӣ мекашанданд, зеро бо сабаби бекорӣ дасташон кӯтоҳ буда, имконӣ ба аҳли хонаводаашн ёрӣ расонданро надоштанд. Аз як тараф тарс аз ин бемории марговар, аз ҷониби дигар карантину бекорӣ ва бар замми ин, ғами ҳиҷрону андешаи чи хӯрдану чи пӯшидани аҳли оилаашон, ки пештар зиндагиро асосан бо пули Русия пеш мебуранд, муҳоҷиронро ҷигархун мекард.
Ситора, сокини н. Ҳисор:
Шавҳарам корнавирус шуду рӯзамон сиёҳ гашт...
Шавҳари ман ҳам мисли ҳаққу ҳамсояҳоямон ва дигар ҷавонмардони тоҷик мардикор аст ва чанд сол боз ба Русия рафта меояд. Оилаамон хеле калон аст. Дар як ҳавлича мо панҷ оила зиндагӣ мекунем: хусуру хушдоманам, ману кӯдаконам, ду додаршӯям бо зану фарзандонашон ва хоҳаршӯйи шавҳармурдаам бо духтарчавуу писарчаи хурдсолаш. Азбаски бардаронаш дар ягон ҷ кор намекунанд, шавҳари ман ба танҳоӣ зиндагии аҳли оиларо пеш мебурд, вале пандемия сар шуду рӯзамон сиёҳ гашт. Бечора мардакам дар Русия КОВИД шуда, хеле азоб кашид. Ҳар гоҳ телефонӣ сӯҳбат кунем, ончунон месулфид, ки хаёл мекардам, дили ҷигараш аз даҳонаш мерезад. Шабҳоро бо гиря саҳар мекардам, ки худоҷон бо шавҳарам ягон фалкат рӯй надиҳад, ки кӯдаконам дар кӯча мемонанд. Хушбахтона, шавҳарам сиҳат шуд, вале азоби бисёр кашидем. Хушдоману хоҳаршӯям пневмания шуданд. Пуле надоштем, ки барояшон дорӯю дармон харем. Маҷбур шудем, ки аз як ҳамсоя қарз гирифта, онҳоро табобат кунем. Ҳамсоя ба мо то соли нав мӯҳлат дода буд. Мӯҳлати бар гардонидани пул наздик шуда истодаасту моро ғам гирифтааст, ки қарзро чи хел медода бошем...
Сайфулло, сокини ш. Кӯлоб:
Вақте ки чашми муҳоҷир ба як тин чор аст...
Чанд нафар аз хешу табри наздикамон дар Русия кор мекунанду ман тез-тез тариқи телефон бо онҳо сӯҳбат мекунам. Ҳар гоҳ занг занам, онҳо аз вазнин шудани шароиту зиндагиашон шикоят мекунанд. Мегӯянд, ки бо касофати коронаирус чанд моҳ бе кор мондем ва сатҳи зиндагиамон якбора паст шуда ба 0 барбар гашт. Аз нақлҳояшон фаҳмидам, ки дар давраи пандемия такягоҳи муҳоҷирон фақат худи муҳоҷирон будаанд. Мабодо ягон муҳоҷир бемор шавад, вале маблағ надошта бошад, бачаҳои ҳамроҳаш пул ҷамъ карда, барояш доруву дармон мехаридаанд. Бо ҳамин роҳ муҳоҷирон ҳамдигарро кам-кам “поддержка” мекунанд, вале барои волидон ва зану фарзандонашон душвор шуд, чунки зиндагии аксари оилаҳои тоҷик бо маблағе, ки муҳоҷирон аз Русия мефиристоданд, пеш мерафт. Вақте ки чашми худи муҳоҷир ба як тин зор аст, чи хел метавонад хонаводаашро аз ҷиҳати иқтисодӣ дастгирӣ кунад?!
Фотима, омӯзгор:
Пасандоз моро наҷот дод
Шавҳари ман маълумоти олӣ дорад, муҳандис аст, аммо бо маоши ночизе, ки мегирифт, оиларо таъмин карда натавониста маҷбур шуд, ки роҳи муҳоҷиратро пеш гирад. Дар Русия дар сохтмон кор мекард ва даромадаш хуб буд, аммо пандемияи коронавирус сар шуду чанд моҳ бе кор монд. Қасд кардагӣ барин, дар ҳамин давраи вазнин аз як оила чанд нафар бемор шудем. Ман, ки омӯзгор ҳастам, андешаи рӯзи мабодоро карда, каме маблағ пасандоз намуда будам. Ҳамон пул ҷони моро дар давраи пандемия харид. Бо ҳамон маблағ доруву дармон ва хӯрока харида, зиндагиамонро чанд моҳ пеш бурдем. Худоро сад бор шукр мегӯям, ки ҷойи кор дорам ва аробаи зиндагиро худам кашида метавонам. Агар ман зани бесаводу хонашин мебудам, шояд дар ин давраи вазнини пандемия бачаҳоям ба нони хӯрдан зор мешуданд.
Лутфулло, донишҷӯ:
КОВИД-19 моро ҳушёр кард
Азбҳои муҳоҷиронро дар давраи пандемия шунида, дарк намудам, ки “Ғарибӣ кӯи сахт аст, эй бародар” гуфтани Камоли Хуҷандӣ беҳуда набудааст. Бечора бачаҳои тоҷик дар мулки бегона бе кору бе пул ва бе такягоҳ монда, ранҷи бисёр кашиданд. Ростӣ, пештар ман ҳам орзу мекардам, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта пули калон кор кунам, аммо пандемия чашмамро кушд. Дарк намудам, ки ҳарчи набошад, Ватан Ватан аст. Оилаи муҳоҷирон аз ҷиҳати иқтисодӣ имрӯз азоб кашанд ҳам, дар хонаи худашон ҳастанд ва албатта хешу таборашон қадри имкон ба онҳо ёрӣ мерасонанд, аммо ба муҳоҷирони бечора дар ғарибӣ кӣ дасти мадад дароз мекунад?! Барои ҳамин ба бачаҳои тоҷик гуфтаниям, ки дигар ба умеди пули Русия нашуда, нағз хонанд ва кӯшиш намоянд, ки аз падару модар ва аҳли оилаи худ дур нарафта дар ҳамин ҷо кори муносиб ёбанд. Фаромӯш накунед, ки нони ғарибӣ арра дорад, махсусан дар пандемия барин давраҳои ҳассос.
Иванов:
Ҳамааш воҳимаи мардум аст!
Ман худам ба наздикӣ аз Русия омадам. Ҳарчанд миллатам рус бошад ҳам, ман худро фарзанди Тоҷикистон мешуморам ва бисёр хурсандам, ки ба Ватан, ба назди аҳли оилаам баргаштам. Дар бораи КОВИД-19 бошад, фақапт ҳамин қадарашро мегӯям, ки ҳамааш воҳима аст. Пандемия бошад ҳам, ҳаёт чи хеле, ки буд, ҳамон хел идома дорад. Вақти дар Русия буданам бо чанд нафар бачаҳои тоҷик во хӯрдам. Гуфтанд, ки коронавирус шудем, лекин бемориамон ончуноне ки мардум мардум воҳма мекунанд, сахту вазнин набуд. Нишонаҳояш ба зуком монанад, фақат каме нафастангӣ эҳсос мекунӣ. Дорую дармон гирифта, сиҳат шудаанд. Ҳоло ҳамаашон кор карда истодаанд.
Ба падару модароне, ки фарзандонашон дар муҳоҷират ҳастанд, гуфтаниям, ки ташвиш накашанд.
Саидҷон Нодирӣ, равоншинос:
Барои азизонам хавотирам!
4-бародари ман дар муҳоҷират кору зиндагӣ мекунанд, ғайр аз ин писари худам ҳам ГРИН-КОРТ бурд карда, ба Амрико сафар кард. Ҳамеша бо онҳо дар тамос ҳастам, мегӯянд, ки пандемия бошад ҳам, ягон рӯз бе нону об ва гуруснаву ташна намондаанд. Як давра ба таври фосилавӣ кор карданд, ҳоло зиндагиашон боз мисли пештара ҷараён дорад. Фақат ниқоб мепӯшанд ва чораҳои пешгирии коронавирусро риоя мекунанд. Аз нигоҳи иқтисодӣ ман ба онҳо вобастагӣ надорам, аммо дилам барои пайвандонам танг мешавад. Орзу дорам, ки зудтар пандемия ба поён расад ва мо ба дидори азизони худ бирасем.
Суҳроби Ҷаҳон, коршиноси масоили муҳоҷират:
Вазъияти муҳоҷирони тоҷик ваҳим буд
Роҷеъ ба рӯзҳои сахте, ки дар фазои курунои соли ҷорӣ дар шаҳри муҳоҷират гузашт, таҳлили васеъро ниёз аст, вале метавонам бо чанд ҷумла бигӯям, ки вазъияти шаҳрвандони мо ваҳим буд. Дуруст аст, ки ҷумла ҷаҳон гирифтори ин вабо шуданду иқтисодашон фасод, вале вазъияте, ки шаҳрвандони мо доштанд, хеле вазнин буд дар қиёс бо дигар кишварҳо.
Якум, ин ки ин вабо дар мавсимии кори муҳоҷирон омад. Захираҳо баъди зимистон тамом шуда буданд ва ҳама умед доштан, ки дар ин сизон мушкилаташонро пиёда мекунан, аммо ин куруно нагузошт, сокинони шаҳри муҳоҷират то ин дам иқтисоди худро барқарор созанд. Хостан ҷавондухтарон дар ин вабо осеб диданд, яъне хеле азоб кашидан.
Албатта наметавон, гуфт ин вабо фақат бадбахтиву мусибат дошт.
Шукри Худо мо нисбат ба дигар кишварҳои муҳоҷир дошта иттиҳоду бародарии худро назди сокинони ҷаҳон нишон додем, ки мо дар ҳама ҳолат пуҳлӯи якдигарем.
Баъди як моҳи авҷи куруно мо, Марказӣ тоҷикон маъракаи кӯмак расониро ба ҳаммеҳанон оғоз кардем. Шукри Худо, ки дар ин маърака моро саховатмандону дигар муҳоҷирон танҳо нагузоштан ва бо ёрии эшон мо тавонистем то секин шудани вабо маъракаи кӯмакрасониро қатъ насозем. Ин иқдомро ҳеҷ ташкилоту хадамотҳои муҳоҷиратҳои дигар кишвар накарданд, ҳатто намояндагони расмии мо, манзур сафорату консуливу хадамотҳои муҳоҷират. Беинсофист агар нагӯям, як маротиба сафоратхона ба 300 оила ғизо таҳвил карда ба чанд донишҷуй низ маблағ дод. Ҳамин тавр як маротиба хадамоти муҳоҷират ба шаҳрвандоне, ки дар фурудгоҳ банд шуда монда буданд, ғизо бурданд.