Дар ҳаёти серташвиши имрӯза қариб ҳар як инсон ба стресс рӯ ба рӯ мешавад. Ин ҳолат бетаъсир намемонад, махсусан ба пӯсти рӯй. Изтироб метавонад сабаби хушкшавӣ, ҳассосият, сурхшавӣ, илтиҳоб ва ҳатто аксуламалҳои аллергӣ гардад. Табиб-косметолог ва ҷарроҳи пластикӣ Зуҳро Балакаримова шарҳ медиҳад, ки чӣ гуна метавон бо ёрии нигоҳубини дуруст ва баъзе равандҳои косметологӣ таъсири манфии стрессро кам кард.
Стресс ба пӯст чӣ гуна таъсир мерасонад?
Пеш аз ҳама, стресс тавозуни байни ҳолати пӯст ва вазифаҳои муҳофизатии онро вайрон мекунад. Дар ҳолати асабоният гормони кортизол бештар ҳосил мешавад, ки дар миқдори зиёд метавонад боиси илтиҳоб гардад. Илова бар ин, ҳавои ифлос, нурҳои офтоб ва муҳити носолим таъсири стрессро боз ҳам шадидтар мекунанд.
Аксаран одамон дар чунин ҳолатҳо нигоҳубини ҳаррӯзаи пӯстро фаромӯш мекунанд: шустан, намноккунӣ ва ғизодиҳии мунтазам ба канор мемонанд.
Қадами аввал - нигоҳубини дуруст
Барои барқарорсозӣ, пеш аз ҳама, бояд нигоҳубини дурусти ҳаррӯзаро ба роҳ монд: шустани рӯй ду маротиба дар як рӯз, истифодаи тоник ва малҳами мувофиқ, инчунин ниқобҳои ғизобахш ва намноккунанда.
Равандҳои барқароркунанда
Муҳимтарин марҳила намноккунии амиқи пӯст аст. Ниқобҳо ва зардобҳо (сыворотка) бо ҷавҳари гиалуронӣ, инчунин равандҳои тазриқӣ, аз қабили мезотерапия ва биоревитализатсия, дар ин роҳ хеле самараноканд. Ҷавҳари гиалуронӣ пӯстро тару тоза намуда, нури табиӣ мебахшад, ожангу чинҳоро ҳамвор месозад.
Нигоҳубини оромбахш
Ниқобҳо ва зардобҳое, ки дорои кирамидҳо, аминокислотаҳо, пантенол ва алоэ мебошанд, монеаи муҳофизатии пӯстро барқарор ва ҳассосиятро паст мекунанд. Алоэ илтиҳобро таскин медиҳад, пантенол бошад, барқароршавии амиқи ҳуҷайраҳоро метезонад.
Маҳси лимфодренажӣ
Ин усул барои бартараф кардани нишонаҳои хастагӣ ва варам хеле муассир аст. Маҳси мулоим гардиши хунро беҳтар намуда, ранги солими рӯйро бармегардонанд. Ин раванд на танҳо оромбахш аст, балки барои хориҷ шудани токсинҳо низ мусоидат мекунад.
Пилингҳои сабук
Агар пӯст тобиши табиияшро аз даст дода бошад, пилингҳои нарм бо ҷавҳари бодом, ширӣ ё энзимӣ қабати болоии пӯстро бо нармӣ нав намуда, барқароршавии ҳуҷайраҳоро фаъол мегардонанд.
Плазмотерапия
Плазмотерапия - усули муосирест, ки дар он плазмаи хуни худи инсон, ки бо тромбоситҳо ғанӣ шудааст, истифода мешавад. Ин раванд барои барқароршавии пӯст, беҳтар шудани зичӣ ва ранги рӯй хеле муфид аст.
Тарзи зиндагӣ
Ҳар чанд равандҳои косметологӣ таъсири хуб доранд, аммо барои нигоҳ доштани натиҷа бояд тарзи зиндагиро низ тағйир дод. Хоби кофӣ, истироҳати босифат, кам кардани истеъмоли қанд ва кофеин ба пӯст имкон медиҳад, ки зебоиву саломатии худро муддати дароз нигоҳ дорад.